Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар шеърҳои иҷтимоии даврони шӯравии Гулназар мавзӯъҳои байналмилалӣ низ мавқеи муҳим доранд. Силсилаҳои «Раҳовард» ва «Тахти Рустам» намунаҳои барҷастаи чунин ашъоранд.
Гулназар аз солҳои 70-и қарни гузашта то имрӯз дар ашъори лирикиву иҷтимоӣ ва фалсафимазмунаш ба корбасти жанрҳои дубайтӣ ва рубоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар рубоиёти шоир паҳлуҳои гуногуни вазъи ҷомеа омехта бо ҳолатҳои рӯҳиву равонии гӯянда ифода ва ба тасвир меоянд:

Ҳар рӯз зи дӯшина гарон меояд,
Борест, ки бар пиру ҷавон меояд.
Бозор марав, ки мегазад қимати нон,
Ғам хӯр, ки ҳамеша ройгон меояд.

Дубайтиҳои Гулназар мазмунҳои ишқӣ, фалсафӣ ва иҷтимоию таърихиро фаро гирифта, аз лиҳози оҳангу услуб як навъ таркиби шеъри китобӣ ва дубайтиҳои шифоҳии мардумиро мемонанд. Дар мавриди мақоми дубайтиву рубоӣ дар эҷодиёташ худи Гулназар иқрор кардааст, ки «ин навъи зебои адабӣ ҳамеша бо ман будааст ва бо ман хоҳад монд». Ба ин маънӣ ишораи зебое низ дорад:

Аз рози нуҳуфтаам забон месӯзад,
Аз доғи шукуфтаам равон месӯзад.
Рӯзам пайи зиндагӣ гузар карду маро
Аз шеъри нагуфта устухон месӯзад.

Дар замони шӯравӣ Гулназар дар достоннависӣ низ қувва озмуд. Аз ҷумла достонҳои «Садои зиндагӣ» (1972) ва «Пайи дарё» (1983) дар назми шӯравии тоҷик аз лиҳози бандубаст ва услуб анъанаҳои достони реалистиро идома дода, ба тасвири манзараҳои ҳаёти халқ дар замони ҶБВ ва солҳои аввали баъд аз ҷанг бахшида шудаанд. Бандубасту мазмуни мундариҷавии ҳарду достон бар хотираҳои айёми бачагиву наврасӣ ва ҷавонии қаҳрамони лирикӣ асос ёфтаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ