Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Дар онҳо қаҳрамони лирикӣ хеле фаъол аст ва мавқеи устувори гражданӣ дорад, мавзӯъ тавассути иштироки фаъолонаи ӯ баррасиву матраҳ гардида, мазмуну ғояи шеър ва ҳадафи шоир пайваста бо ҳиссиёту андешаҳои ассотсиативӣ ифода меёбанд.
Қаҳрамони лирикии ашъори гражданиву иҷтимоии Гулназар дар он солҳо ба андозае фаъол аст, ки баъзе аз он шеърҳо дар назари аввал як дараҷа ҳасбиҳолӣ менамоянд.
Вале лаҳзаҳои саргузаштӣ ва ёду хотираҳои қаҳрамони лирикии шеър аз доираи тасвири лаҳзаҳои ҳаёти як фард васеътар рафта, тавассути ифодаи таассурот ва андешаву пиндорҳо ба тасвиру баррасии бадеии марҳалаву давраҳои ҳаёти иҷтимоӣ иртибот пайдо мекунанд («Писарам, баччагӣ бувад таътил», «Фарзанди кӯҳҳои баланд», «Барои падар», силсилаи «Се бахшиш» ва ғ.). Ба ашъори гражданӣ ва лирикаи иҷтимоии он солҳои Гулназар андешаву баррасиҳои фалсафимазмун хосанд, ки ба рӯҳу оҳанги эҷодиёташ таъсир гузоштаанд.
Дар як силсила шеърҳои Гулназар мавзӯи васфу ситоиши модар пайваста ба андешаҳои қаҳрамони лирикӣ оид ба маънои зиндагӣ, мақоми инсон дар ҷамъият сурат гирифтааст («Модарамро ба хоб дидам ман», «Замин чун модари ман масти хоб аст», «Модари ҷаҳонгирам»).
Як зумра ашъори замони шӯравии Гулназар ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, дар онҳо фоҷиаи ҷанг, ҳофизаи таърихии халқ пайваста бо вазъу ташвишҳои мардум дар замони иншоди шеърҳо ифодаи бадеии худро ёфтаанд. Шеърҳои «Зангӯлаи Хатин», «9 майи соли 1945», «Ҳайкали ташнагӣ», «Аскари нобино», «Бевазан», «Як замон аз набарди дунёӣ» ва ғ. аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар солҳои 70-80-и қарни гузашта, ки доғи ҷанг ҳанӯз аз лавҳи дилҳои мардум шуста нашуда буд ва афроди зиёд аз иштирокчиёну маҷрӯҳони ҶБВ дар ҳаёт буданд, ҷанг ва оқибатҳои фоҷиабори он, инчунин корномаҳои ҷанговарон аз мавзӯъҳои муҳими рӯз ба шумор мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё