МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Мубориза байни низоми нав ва кўҳнаи маориф баъзан хеле тезу тунд мешуд. Маорифпарварон ва ислоҳотхоҳон бо ҳар восита, пеш аз ҳама тавассути васоити мавҷудаи ахбори омма, чоп намудани китобҳои гуногун, аз ҷумла, як қатор асарҳои бадеӣ, китобҳои қироатӣ кўшиш намуданд, ки бартарии усули нави таълим ва мактабҳои ҷадидро нишон диҳанд. А. Мунзим, ки рафти ин муборизаро мушоҳида менамуд, таъкид ба он менамояд, ки мухолифони асосии мактабҳои нав руҳониён натиҷаи фаъолияти онҳоро дида, аз пурра ошкор шудани номутобиқии низоми мавҷудаи маориф ба талаботи ҷомеа тарсиданд ва ҳатто онҳоеро, ки тарафдори усули нави таълим буданд, маҷбур карданд, ки ба муқобили он бароянд [3, 34]. С.
Айнӣ амали руҳониёнро шадидан маҳкум карда, навиштааст, ки «ин қаҳрамонони шариат (!) як бор ба мактаби кўҳна назар намеандозанд ва ба ҳоли мазлумонаи авлоди муслимин тараҳҳуме наменамоянд» [4, 67], ба ибтикори чанд нафар равшанфикрон, ки фақат мехоҳанд, ки ба мақсади дониш ва савод андўхтан барои бачаҳои мусалмон мактабе ташкил кунанд, мухолифат мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар аморати Бухоро зери фишор ва муқобилати шадиди руҳониёни мусулмон низоми маорифи пешқадам ва мактабҳои усули нав роҳ наёфтанд. Агар чунин намешуд, мактабу маорифи аморат низ ба он сатҳе, ки низоми таълиму тадрис дар вилоятҳои мусулмонии Руссия ва кишварҳои мусулмоннишини ҳамсоя, аз ҷумла, дар кишвари Туркистон қарор дошт, баромада метавонист. Доир ба мавқеи руҳониён дар аморати Бухоро ва муносибати аҳолӣ ба ин табақа А. Семёнов менависад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё