МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
А.А. Семёнов қайд мекунад, ки ин гурўҳи ниҳоят муттаҳид ва ба ҳам наздик баъзан аз эълони «не»-и қотеъи худ ба амирон дар корҳои муҳимми давлатӣ наметарсид ва на як бору ду бор амиронро маҷбур карда буд, ки қарори худро тағйир диҳанд ва ё онро бекор кунанд [16, 987-988]. Маҳз намояндагони ҳамин табақа ба кушодани мактабҳои нав ва паҳн шудани донишҳои дунявӣ дар аморат монеъ шуданд. Моҳи сентябри соли 1917 А.
Семёнов бо як намояндаи элчихонаи рус дар Бухоро ба қабули охирин амири Бухоро Сайид Олимхон бо мақсади рушан намудани сабабҳои баста шудани мактабҳои усули нави Бухоро ноил гардиданд. Амир ғайриқонунӣ будани ин амалро эътироф карда бошад ҳам, эълон кард, ки ҳечгуна кўмак карда наметавонад, зеро рўҳониёни Бухоро бо сарварии қозикалон муқобили кушодашавии чунин мактабҳо мебошанд. Вақте А. Семёнов ва намояндаи элчихонаи рус ба қозикалони аморат Бурҳониддин муроҷиат карданд, бо ишора ба он ки ҳамаи мактабҳои усули нав дар дасти ҷадидон аст, ба додани иҷозат ба фаъолияти чунин мактабҳо қатъиян эътироз кард [16, 988].
Руҳониён, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани ҳукмронии худ дар соҳаи маориф ва аз даст надодани яке аз шохаҳои муҳимми таъсиррасонӣ ба ҷомеаи аморат, овозаҳои гуногунро доир ба нопок будани мактабҳои ҷадид, мухолиф будани онҳо бо шариати исломро паҳн мекарданд. Агарчи дар рафти мубоҳиса маорифпарварони маҳаллӣ борҳо исбот карда буданд, ки ин гуна мактабҳо «нопок» нестанд, балки баръакс, нисбат ба мактабҳои кўҳна бартарии зиёд доранд. Ҳатто барои исботи ин борҳо дарсҳои кушод ва имтиҳонҳо низ гузаронида шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё