МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
То истилои арабҳо зери таъсири ойини буддоӣ дар қисми шарқии Эрон чунин муассисаҳо вуҷуд доштанд ва пайдоиши виҳараи буддоӣ низ бесабаб нест, ишора кардааст В.
Бартолд.
Дар шарҳи номи Бухоро муаллифони аксарияти фарҳангҳои адабиёти классикии тоҷику форс эътимод бар он доранд, ки як маънои «бухор» ва ё «бухар» дониш, илм, маҷмуи илмӣ, шаҳри уламову фузало мебошад [18,77-84].
Ҳатто муаллифи «Бурҳони қотеъ» ақида дорад, ки номи Бухоро аз решаи «Бухар» вожаи санскритии «виҳара»
гирифта шуда, маънии дайр, муъбад медиҳад [16,156-157].
Кашфиётҳои бостоншиносии баъди солҳои 50-уми асри XX дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон аз он шаҳодат медиҳад, ки то паҳншавии дини буддоӣ дар ин ҳудуд, муассисаҳои гуногуни шаҳрвандию мазҳабӣ вуҷуд доштаанд [20,17].
Дар асоси тадқиқотҳои охирин метавон хулоса намуд, ки руҳониёни ойини буддоӣ тавонистанд маъбаду муассисаҳои диннии Осиёи Марказиро моҳирона ба оини буддоӣ мувофиқ созанд ва дар сохтмони кушку маъбадҳои нав аз санъати меъмории маҳаллӣ эҷодкорона истифода намоянд.
Академик Б. Ғафуров ба ҳамин маънӣ зикр намудааст, ки «дар сарзамини Бохтар маданияти мутараққии ба худ хоси маҳаллӣ вуҷуд дошт, ки он аз қаъри асрҳо ибтидо мегирифт. Равобити тамаддуни Бохтар бо маданияти бойи Ҳиндустон, бо маданияти юнониён ва бо маданияти шарқи эллинӣ самараи бузург дошт». Инчунин илова менамояд, ки маҳз дар ҳамин давра дар Осиёи Миёна дини буддоӣ паҳн шуд[17,121].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё