Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Академик В. Бартолд бар он ақида аст, ки яке аз сабабҳои асосии пешравии фарҳангии Эрони шарқӣ паҳншавии оини буддоӣ ва наздик будани Ҳиндустон аст. Дар асоси таҳлилу омўзиши сарчашмаҳои гуногун В. В. Бартолд собит менамояд, ки намунаи аслӣ барои пайдоиши мадрасаи мусулмонӣ виҳари буддоӣ мебошад [4,432].
Мактабҳои насронӣ, ки дар ибтидои давраи исломӣ дар шаҳрҳои мусулмонӣ кушода мешуданд ба мактабҳои мусулмонӣ кам таъсир расонидаанд. Калимаи юнонии «школа», ки баъдан ба забони сурёнӣ ва ҳам забонҳои Аврупои Ғарбӣ ворид шуда буд, аз тарафи арабҳои насронӣ дар шакли «искул» қабул гардид, вале арабҳои мусулмон онро қабул накарданд. Танҳо аз мафҳумҳои суриёнии насронӣ мафҳуми «макреян» - устоди хониш дар арабӣ ба шакли «мукрӣ» ва дар Осиёи Миёна ба шакли қорӣ қабул гардид [2,224].
Дар таълифоти «Оид ба дафн кардани Темур» В. В.
Бартолд нисбат ба мафҳуми хонақо ва мадраса менависад, ки ҳарчанд калимаи «хонақо» баромади ориёӣ дошта бошад ҳам, ба Осиёи мусулмонӣ аз Ғарб ба Шарқ паҳн шуд, вале мафҳуми мадраса баромадаш аз забони семитӣ буда, аз Шарқ ба Ғарб паҳн гаштааст [4,430].
Аз ин рў, ақидаи академик В. Бартолд оид ба маҳсули шарқиэронӣ будани мадраса ҳамчун мактаби олии исломӣ чун ҳақиқати воқеӣ ба назар мерасад. Ҳарчанд маънии луғавии мадраса аз яҳудиёну суриёниҳо ва ё дарси арабҳо реша гирифта бошад ҳам, ҳамчун ифодакунандаи макони дарсхонӣ, тадрис дар шарқи Эрон пайдо шудааст, ки инро тадқиқотҳои охирин ба куллӣ собит менамоянд.

пешина
аз 142
навбатӣ