Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳатто таърихӣ замони пошўравии тоҷикон дар робита бо таърихи дигар халқҳои ин мамлакати
паҳновар ва ҳудуди ҷуғрофии он таҳқиқу баррасӣ мегардид. Дар муассисаҳои таълимӣ то миёнаи солҳои 80-уми
асри гузашта, яъне замони бозсозӣ таърихи халқи тоҷик
ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ мавриди омўзиш қарор
надошт. Гарчанде таърихи мардуми бумии минтақатоҷикон хеле барвақт таваҷҷуҳи олимону ховаршиносони
марказҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб карда, таҳқиқоти илмӣ ва
омўзиши паҳлуҳои гуногуни он аз охирҳои асриХІХ ва
ибтидои асри XX низоми мунтазам ва пайвастаро соҳиб
шуд; тоҷикшиносӣ ба як самти мустақили илмҳои таъриху
мардумшиносӣ мубаддал гардида, асарҳо ва таҳқиқотҳои
зиёди бунёдӣ, рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-омавии таърихию
этнографӣ ва бостоншиносӣ ба чоп расида буданд. Вале
ин таҳқиқотҳо ва натоиҷи дар ин самт ба даст омада танҳо
дастраси мутахассисони соҳа, муҳаққиқони касбӣ ва теъдоди ниҳоят ками хонандагон мегардид. Ба замми он,
ҳангоми муаррифии таъриху фарҳанги гузашта, на ҳамеша соҳибони он - меросдорони асосӣ, яъне тоҷикон номбар мешуданд. Бештар вақт он моли тамоми минтақа
дониста мешуд, аз мансубияти этникии олимону мутафаккирон, яъне, марбут ба тоҷикон будани онҳо, нақши
тоҷикон дар ташаккулу рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ,
сокинони бумии ин минтақа маҳсуб ёфтани онҳо бештар
канораҷўӣ карда мешуд. Доир ба муаррифии чеҳраҳои
шинохтаи илму адаб бештар мафҳуму ибораҳои сохтае
амсоли «мутафаккири барҷастаи осиёимиёнагӣ», «олими
асримиёнагӣ», «олими Шарқ» ва амсоли инҳо истифода шуда, аз баёни ҳақиқат ва нишон додани мансубияти қавмию этникӣ канора меҷустанд.

пешина
аз 142
навбатӣ