МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Тармиму таҷдид ва барқарорсозии ин ёдгорӣ низ бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ омад.
Пешвои миллат рост омадани иқдомро ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми дар арафаи ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ фоли неку рамзӣ ва туҳфаи арзанда эълон намуданд. Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид бар он намуданд, ки «Таҷдиду барқарорсозии ин маҷмааи бузург дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд».
Санаи муҳими дигари таърихӣ, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2006 ҷашн гирифта шуд, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб буд. Пешвои миллат дар суханронии худ бо ифтихор ва шукргузорӣ аз соҳибдавлативу давлатдории миллии тоҷикон таъкид намуданд, ки маҳз ба шарофати он имрўз мо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти густурда пайдо кардаем. Сентябри соли 2006 мардуми шарифи Тоҷикистон якбора се ҷашн - Истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлобро ҷашн гирифтанд. Ҳамаи ин аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллатпарваронаю фарҳангдўстонаи Пешвои миллат маншаъ гирифта, баҳри таҳкими худшиносӣ ва ифтихору ҳувияти миллии ҷомеаи имрўзаи кишвар нақши муассир мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё