Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Нақши ин хонадонро на камтар аз Ҳахоманишиён дониста, муаллиф таъкид мекунад, ки «Ашкониёни Порт тамаддуни ориёиро аз асари ногувори истилои мақдуниён ва шояд аз хатари нобудшавию ба гўшаи фаромўшӣ афтодан наҷот доданд».
Таърихи салтанати Кушониён ва нақши онҳо дар ташаккулу рушди тамаддуни ориёӣ яке аз масоили диққатҷалбкунанда дар илми таърихшиносӣ маҳсуб меёбад.
Гарчанде оид ба ин давраи таърихӣ тадқиқотҳои зиёди ҷолиби таърихию бостоншиносӣ мавҷуд бошад ҳам, вале то имрўз нисбат на ба ҳама паҳлуҳои он нуқтаи назари амиқ ва хулосаи қатъии илмӣ мавҷуд аст. Пешвои миллат дар такя ба таҳқиқотҳои илмии солҳои охир, рисолаву мақолаҳои олимону муаррихони шинохтаи дохиливу хориҷӣ ва баробари он бо истифода аз асноди зиёди таърихӣ, хусусан маъхазҳои чинӣ мўшикофона дар шакли саҳеҳ ба бисёр аз мушкилот ва масоили чигил рўшанӣ андохтааст. Дастрас гардидани ду катибаи гаронбаҳои аҳди Кушониён - Катибаи Сурхкўтал ва Катибаи Работак ва инчунин пажуҳиши олимони варзида оид ба ин маъхазҳоро ба асос гирифта, муаллиф натиҷагирӣ менамояд, ки «Кушониён халқияти ориёинажод, ориёизабон ва ориёимазҳаб» буданд ва давраи давлатдории онҳо «яке аз дурахшонтарин силсилаи давлатдории ниёгони ориёии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули таърихии халқияти тоҷик ва ҳамчун миллати ҷудогона ба камол расидани он саҳми бағоят бузург дорад».
Дар хотимаи китоби дуюм Пешвои миллат қазияи давлати кабири Кушониён ва мақоми он дар ташаккули давлату давлатдории тоҷиконро мушкилтарин мавзуъ номида, ин давлатдориро «ҳалқаи заррине дар силсилаи давлатдории ориёиҳои тўронӣ» меномад, ки «тўли се аср пуштибони Роҳи бузурги абрешим ва қофиласолори тамаддуни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ба шумор мерафт».

пешина
аз 142
навбатӣ