Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Даромада пинҳон шуд. Тамоми шаб мижа назада нишаст, вале касе ба он ҷо наомад.
Бародарони калонӣ, ки дар назди гулхан нишаста буданд, аз сабаби бисёр хӯрдани гӯшту равған нафасгириашон душвор шуда буд. Ва онҳо пас аз якчанд рӯз бародари хурдиашонро ба хотир оварданд.
— Ба рафтанаш хеле вақт шуд, — гуфт яке.
— Эҳтимол, бо вай ягон воқеа рӯй дода бошад? — гуфт дигаре.
— Мумкин ба даҳони ягон даранда афтода бошад? Шояд захмдор шуда бошад? — гуфт сеюмӣ.
— Мо ба ҷустуҷӯи ӯ намеравем, зеро аз ҷои дур ӯро бардошта овардан лозим мешавад. Ин кори хеле душвор аст, — гуфт чорумӣ.
— Хуб аст, ки ӯ ин ҷо нест. Ба мо бисёртар гӯшт мерасад — гуфт панҷумӣ.
Ва онҳо боз ба хӯрдан сар карданд. Байни худ гӯштпораҳои равғанинро талош мекарданд...
Хаймар-ӯгул бошад, дар чуқурӣ нишаста интизор буд. Нисфирӯзӣ аз тарафи шимол якчанд савора намоён шуданд... Ҷавон фаҳмид, ки инҳо девҳоянд. Ана онҳо наздик меомаданд...
Аспи якум — чипори ситорадор — йӯрга буд. Савораш ҷомаи шоҳии сафеди зеҳакаш зарбофт дошт. Дар миёнбанди ӯ ҳашт мор ба ҳам печида буданд. Дар зинаш ҳашт сари одам аз кокулҳояшон овезон буданд. Сари ин дев аз ҳашт сари гов иборат буда, ҳашт шоҳ дошт. Сарҳо ба шакли нимдоира ҷойгир шуда буданд ва дар он ҷое, ки онҳо ба ҳам пайваст мешуданд, як чашми калони равшане медурахшид.
Аспи дуюм — қизил хиромон роҳ мерафт. Саворааш ҷомаи сафеди шоҳӣ дошт, ки зеҳакаш абрешими сурх буд. Дар миёнбанди ӯ ҳафт мор ба ҳам печида буданд. Дар зинаш ҳафт сари одам аз кокулҳояшон овезон буданд. Сари ӯ аз ҳафт сари гов иборат буд, ҳафт шоҳ дошт ва дар ҷои пайвастшавиашон ба мисли деви якум як чашми калон медурахшид.
Аспи сеюм — сиёҳтуруқ чорхез мезад. Саворааш ҷомаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё