Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Афсона
Аз аввал хондан- Дар қафаси шумо кӯрпашшаи зоти махсусе нишастааст.
Аммо қосидон сар ҷунбонда саросемавор гуфтанд: - Чӣ тавр исбот мекунӣ, чӣ тавр исбот мекунӣ, ки ин кӯрпашша аст?
Он гоҳ мӯйсафед чубукро даргиронда дуди бисёреро дам кашиду рост ба тарафи ҳашароти аҷоиб сар дод. Кӯрпашша аз таъсири дуд печутоб хӯрда ба таги қафас афтод.
Мардум механдид. Мӯйсафед Вонлое ҳам хандид.
Қосидони он тарафи баҳр шарманда шуда рафтанд. Подшоҳ ба назди мӯйсафед омада пурсид:
- Бигӯ, Вонлое, ин ҳунарро ба ту кӣ ёд дод?
- Халқи оддӣ, мардумони оддии рӯи замин ба ман ёд доданд.
Аз ҳамон вақт сар карда халқи мо дар бораи одами хирадманд чунин мегӯяд, вай шуҳи Вонлоеи хирадманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё