Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

мушҳоеро дида буд, ки калониашон барзагов барин буданд. Вай дар ин бора ба подшоҳ чизе нагуфт, вале хоҳиш кард, ки пагоҳ, вақти кушодани сирри ин ҳайвон ба қаср ҳарчӣ бисёртар мардумро сар диҳанд.

Рӯзи дигар мӯйсафед Вонлое гурбаеро дар бағалаш пинҳон карда ба қаср омад. Мӯйсафеди доно назди қафасе, ки ҳайвони аҷоиб дар даруни он буд, омад ва ба қосидони он тарафи баҳр нигоҳкунон табассум кард ва гуфт:
— Ин ҳайвон муши зоти махсус аст.
Аммо сардори қосидҳо эътироз кард:
— Ин муш нест! Чӣ тавр исбот мекунӣ, ки ин муш аст? Дар куҷо ту ин хел муши калонро дидай?
Он гоҳ мӯйсафед Вонлое гуфт:

Агарчӣ мушатон чун гав калон аст, Агарчӣ гурбаи мо паҳлавон нест, Натарсад лек аз муши шумоён Ба ҷанги мушатон инак тайёр аст!

Инро гуфта гурбаро аз бағалаш сар дод. — Банохост ҳайвони калонҷусса худро ба як сӯ кашида ғингос зад. Гурба бошад, ҷасурона ба он ҳайвон ҳамла карду аз би니아ш сахт газид. Халқ хурсандона ғалоғула бардошт. Қосидони он сӯи баҳр ноумед шуда рафтанд.

Аз байн чанд моҳ гузашт. Боз як мамлакати он тарафи баҳр ба подшоҳ як муаммои дигар фиристод. Ин дафъа дар қафас як ҳашароти аҷибе буд. Намудаш чун пашша ва калониаш чун уқоб буд! Подшоҳ ба он нигоҳ карда қарор дод, ки ба назди Вонлое равад.

Мӯйсафеди донишманд суханони подшоҳро мисли суханони кӯдаке, ки ғайр аз мурғи рӯи ҳавлӣ чизи дигареро дар дунё надидааст, гӯш кард.
Баъд вай хандида ба подшоҳ гуфт:
— Халқро ҷамъ кун, ман пагоҳ ин муамморо мекушоям.
Рӯзи дигар Вонлое як чӯбук гирифта ба қаср омад. Вай ба қосидони он сӯи баҳр нигоҳ карда гуфт:

пешина
аз 200
навбатӣ