Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Вай риштаро гирифта дарозии чӯбро чен карда, баъд риштаро дукат карда, ба дарозии чӯб гузаронид.
— Мана мобайни чӯб ҳамин ҷост, — гуфт мӯйсафед.
— Дуруст, дуруст, — нидо карданд мардум.
— Бо ёрии ришта ман дили чӯбро ёфтам, — давом дод мӯйсафед. — Акнун ман бо сӯзан дилашро сӯрох мекунам. — Ва ӯ сӯзани риштадорро аз мобайни чӯб гузаронид.
Қосидони он тарафи баҳр ба мӯйсафед нигоҳ мекарданд. Ӯ аз ришта дошта чистончӯбро бардошт... Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, як тарафи чӯб каме поён шуд.
— Бинед, — гуфт мӯйсафед, — ин тарафи чӯб, ки сабуктар аст, нӯги чӯб ва ин тарафи вазнинтараш паси чӯб аст.
Халқ бо ғалогула тасдиқ кард. Қосидони он тарафи баҳр ҳайрон шуданд, онҳо чашмдор набуданд, ки як мӯйсафеди оддӣ муаммои онҳоро кушода метавонад. Шоҳзода Вонлое гуфт:
Риштаи абрешимӣ Ёфт дили чӯбро.
Сӯзанаки тези мо Риштаи чистон кушод.
Ҳама хандиданд, қосидони он тарафи баҳр ноумед шуда рафтанд.
Подшоҳ фикр кард, ки ин хел мӯйсафеди хирадманд ба мамлакати вай хеле зарур аст, бинобар ин ӯро сардори донишмандони дарбор таъйин намуд.
Пас аз якчанд моҳи ин воқеа қосидони мамлакати дигари он тарафи баҳр ба подшоҳ як ҳайвони аҷоиберо оварданд. Намуди вай ба муш монанд, вале дар калонӣ ҳамчун барзагов буд. На подшоҳ, на маслиҳатчиёни ӯ чӣ будани ин ҳайвонро гуфта наметавонистанд. Онҳо гумон мекарданд, ки мӯйсафед Вонлое ҳам чӣ будани онро гуфта наметавонад. Ба ҳар ҳол қарор доданд, ки ӯро чег зананд.
Мӯйсафед ба ин махлуқи аҷоиб нигоҳ карда хандид: вай аллакай чӣ будани онро дониста буд. Як вақтҳо дар ҷавониаш вай ба як кишвари дурдасти ғарб сафар карда, дар он ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё