Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Рӯзи сеюм подшоҳ ҷавоб талаб кард. Вале касе чизе гуфта натавонист. Подшоҳ амр дод, ки се донишманди калониро ба қатл расонанд. Баъди се рӯз боз се каси дигарро сар буриданд. Дарбориёни донишманд аз тарс меларзиданд, вале муамморо кушода наметавонистанд. Подшоҳ тайёр буд, ки бой доданашро иқрор шавад. Вай мехост, ки ин нияташро ба донишмандони он сӯи баҳр расонад. Мардуми шаҳр аз чӯби аҷойбу ғароиб ва сирру асрори он дар раставу бозорҳо гап мезаданд: «Барои ёфтани ҷавоби ин муаммо шуҳуоди Вонлое - мӯйсафеди ҳамадон даркор».
Ногоҳ Вонлое ба назди подшоҳ омада гуфт:
– Эй хуандии аъзам! Ту маро ҷустуҷӯ кардӣ, вале ёфта натавонистӣ. Акнун ман худам омадам, ки шарафи мамлакатро ҳимоя кунам. Ман тайёрам, ки муаммои фиристодаи подшоҳи он тарафи баҳрро кушоям.
Подшоҳ аз он ки худи мӯйсафед Вонлое ба қаср омада буд, ҳайрон шуд. Боз бисёртар аз он ҳайрон шуд, ки мӯйсафед ёфтани ҷавоби муамморо ба уҳда гирифт. Охир аз уҳдаи ёфтани ҷавоби он на уламои дарбор баромаданду на донишмандони дигар. Подшоҳ маҷбур шуд, ки шуҳуоди Вонлоеро бо эҳтиром қабул кунад. Вай ба мӯйсафед гуфт:
– Агар ту чистонро кушоӣ, амри пешинаро бекор карда амри нав медиҳам. Ман туро Сардори донишмандони дарборам таъйин мекунам.
– Пагоҳ ман муаммои подшоҳи он тарафи баҳрро кушода медиҳам. Амр деҳ, ки ба қаср одамони оддиро роҳ диҳанд. Ман мехоҳам, ки ҳама чӯби аҷойбро бинанд.
Подшоҳ розӣ шуд. Пагоҳӣ мардум тӯда-тӯда ба қаср медаромаданд. Ҳамаи камбағалон аз раставу бозор ба ин ҷо меомаданд. Ин хел воқеа дар қаср ҳеҷ вақт рӯй надода буд.
Мӯйсафед Вонлое чӯбро гирифта, ба қосидони он тарафи баҳр нигоҳкунон гуфт:
– Чистон-муаммои шуморо ман ба воситаи риштаи мустаҳками абрешимӣ ва сӯзани пӯлодӣ ҳал мекунам. Ришта дили калтакро меёбад, сӯзан бошад, онро сӯрох мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё