Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

барояд. Солҳои зиёде дар рӯи замин кишварҳои бисёреро пиёда тамошо кард. Чӣ тавр зиндагӣ кардани халқҳои рӯи дунёро омӯхт. Вай хеле одами ҳалиму меҳрубон буд, бинобар ин, дар ҳар ҷо кор меёфт, ҳамеша одамон ӯро бо хушӣ қабул мекарданд.

Вай забони ҳамаи кишварҳоро аз худ карда, китобҳои донишмандони ҳамаи халқҳоро омӯхт. Нақли одамони ҷаҳондидаро бисёр гӯш мекард. Вале бисёртар суханҳои пирони дусадсоларо дӯст медошт. Вақте ки худаш ба сад даромад, ҳама чизи дунёро медонист. Овозаи донишмандии ӯ дар саросари мамлакат паҳн гардид. Ин овоза ба гӯши худи подшоҳ – Хуандӣ расид.

Дере нагузашта дар майдонҳои шаҳру деҳа фармоне пайдо шуд:

Одаме, ки аз ҳад зиёд донишманд аст, оромии мамлакатро халалдор карда метавонад, дар мамлакати бузурги ман ин гуна одам зиндагӣ мекунад, вай шҳуоди Вонлое мебошад. Амр медиҳам: мӯйсафед Вонлое дошта ҳабс карда, ба қатл расонда шавад. Подшоҳ.

Ҳамаи сарбозони подшоҳ ба ҷустуҷӯи Вонлое баромаданд. Вале магар мӯйсафеди донишмандеро, ки ҳар як камбағал ба ӯ сарпаноҳ медиҳад, ёфтан мумкин аст? Дар ин вақт қосидони як мамлакати он тарафи баҳр ба подшоҳ чун муаммо чӯберо меоранд. Он чӯбро аз шоҳи дарахти номаълуме тарошида, чунон пардоз дода буданд, ки ягон хату нақшаи он ба чашм намоён набуд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё ин чӯб не, балки чинӣ бошад. Подшоҳи он тарафи баҳр таклиф кардааст, ки сару нӯги чӯб муайян карда шавад.

Подшоҳ ҳамаи дарбориёнашро, ки донишманд ба шумор мерафтанд ва ҳамаи донишмандонеро, ки дарбориён буданд, ҷамъ намуд. Вале онҳо ҳарчанд фикр карда бошанд ҳам, ҷавоби чистонро гуфта наметавонистанд. Подшоҳ ба ғазаб омада дод зад:

– Агар баъди се рӯз ҷавобашро нагӯед, саратон зеби кунгураи қаср мешавад!

Дарбориён ғамгин шуданду донишмандон андешаманд.

пешина
аз 200
навбатӣ