Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
АФСОНАҲОИ УЙҒУРӢ
ДУХТАРИ ДОНО
Буд-набуд як хони куҳансоле буд. Вай танҳо як писар дошт, ки ӯ ҳам хеле нодон буд. «Баъди сари ман ҳоли ӯ чӣ мешуда бошад, - ғам мехӯрд хон. - Охир писари ман аз уҳдаи идора кардани хонигарӣ намебарояд. Кошки, барои вай ягон зани оқила меёфтам! Бо роҳбарии зани доно ягон илоҷ карда, хонигарро саришта карда метавонист». Як рӯз хон писарашро ба наздаш ҷеғ зада гуфт:
- Писари азизам, агар хоҳӣ, ки баъди сари ман соҳиби тоҷу тахт шавӣ, гапамро гӯш кун: ба сафар барову бузголаи даҳсола, гурги бистсола, рӯбоҳи сисола, паланги чилсола, саги панҷоҳсола ва шутури шастсоларо ёфта биёр. То ин супоришамро иҷро накунӣ, ба хона барнагард!
Писари беақли хон ба сафар баромад. Ӯ дар шаҳру деҳа гашта фарёд мекард:
- Кӣ бузголаи даҳсола дорад? Ман мехарам! Кӣ гурги бистсола дорад? Ман мехарам! Рӯбоҳи сисола мехарам! Паланги чилсола мехарам! Саги панҷоҳсола мехарам! Уштури шастсола мехарам!
Одамон ба писари хон механдиданд, ӯро масхара мекарданд. «Ин аблаҳ чӣ мепурсад? Магар бузгола даҳсола мешавад? Охир дар ин синну сол буз пир мешавад! Кӣ дар хонааш гурги бистсола нигоҳ медорад? Баъд аз куҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё