Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Камарбандҳошонро пай набурданд. Чилу нуҳ рӯз ва боз чилу нуҳ рӯзи дигар базму шодӣ давом кард.

Онҳо хушбахтона умр ба сар мебурданд. Аз байн се сол гузашт. Ба хони ҷавон ҳеҷ кор кардан лозим набуд. Ҳама чиз худ ба худ пайдо мешуд. Вай аз бекорӣ дилгир шуда ҳаваси шикор мекунад. Хонум бошад, дар хона бо кашидадӯзӣ машғул мешуд. Рӯзе вай саргарми кор буд, ки банохост аз тарафи китфи рости ӯ одами сиёҳе пайдо шуд «Эй худоён, ин одам кӣ буд, ки на аз дар даромад, на аз равзану якбора аз тарафи китфи рости ман пайдо шуд?», – бо ваҳм фикр кард ӯ.

– Ту кистӣ? – фарёд кард хонум.

– Ман писари Харатинхон. Дар куҷое ки нишаста бошам, аз ҳамон ҷо ғайб мезанам, дар куҷое ки хоҳам, дар ҳамон ҷо пайдо мешавам. Шавҳарат дар куҷост?

– Ба шикор рафтагӣ.

– Ту зани кӣ мешавӣ?

– Ман зани Эрдни-хони Хонигарии Худ ба худ пайдошуда.

Одами сиёҳ хандид.

– Ин чӣ хел Хонигарии Худ ба худ пайдошуда? Дар рӯи замин ин хел хонигарӣ вуҷуд надорад. Ман ҳозир дар бораи Эрднихон ба ту ҳақиқати гапро мегӯям. Гӯш кун. Дар ин дашт як пирамарди саду бистсола ва як кампири саду даҳсолае зиндагӣ мекарданд. Онҳо чунон сусту нотавон буданд, ки гоҳ бахуду гоҳ бехуд мегаштанд. Як рӯз шавҳари ту ба назди онҳо меояд. Ӯ бо сеҳру ҷоду пирамаrду кампирро ба хон ва хонум табдил медиҳад, худашро хонзода номида, туро ва падаратро фиреб додааст. Туро ба фуқарои каллоб додаанд.

Хонум ҳайрон шуда ягон чиз гуфта натавонист. Одами сиёҳ бошад, суханашро давом дод:

– Се сол аст, ки ту бо ӯ зиндагӣ мекунӣ, магар ӯ қувваи соҳирии худро ба ту нишон надодааст? Он чист?

– Магар шавҳари ман қувваи соҳирӣ дорад? Не, не, вай ҳеҷ гуна сеҳру ҷодуро намедонад.

– Дорад! Ман медонам, ки дорад! Ҳамин ки баргашт, худат пурс! – Ва писари Харатинхон ғоиб гашт.

пешина
аз 200
навбатӣ