Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Боғҳои мевадор қад кашида бошанд. Дарахтони он боғҳо саҳарӣ гул баста, нисфирӯзӣ мева диҳанд. Дар шохи дарахтони боғ бояд парандагони гуногун хониш кунанд. Агар ҳамаи ин шартҳоро дар як шаб иҷро кунед, ман бовар мекунам, ки Шумо Эрдни – хони Хонигарии Худ ба худ пайдошудаед.

Пирамард гуфт:
– Иҷро мекунам, – вале тарсидаву ларзида ба хона баргашт. Дар хона ҳамаи шартҳои Земешчихонро ба писари худ нақл намуд. Писараш ӯро таскин дода гуфт:
– Ғам нахӯред, падар. Ҳамаш иҷро мешавад. Бароҳат хоб кунед.

Мӯйсафед хоб рафт, писараш бошад, ба дашт рафта шамшерашро аз гилоф бароварда он чиро, ки Земешчихон супориш дода буд, ба паҳлавони азимҷусса такрор намуд.

Саҳари рӯзи дигар ҳамаи супоришҳои ӯ иҷро шуданд. Земешчихон аз хоб хеста дид, ки дар ҳавзи тиллоӣ моҳиҳои нуқрагун шино мекунанд, дар шохи дарахтон парандагони гуногун нағмасарой доранд ва аз назди қасри ӯ роҳи тиллоӣ сар шуда, ба даруни дашт нопадид шуда мерафт. Зани хон хеле хурсанд шуд, худи хон бошад, гуфт:
– Ҳамаи инро дар як шаб сохта тавонистааст! Пас, ҳақиқатан Эрдни хони Хонигарии Худ ба худ пайдошуда будааст.

Рӯзи дигар пирамард боз ба назди Земешчихон омада рӯзу моҳи тӯйро муайян намуд. Рӯзи таъиншуда пирамард бо одамонаш ба Земешчихон туҳфаҳои қиматбаҳо фиристонд. Хон меҳмононро бо эҳтиром пешвоз гирифт. Баъд занг мезананд, мардум, ҳамаи фуқаро ҷамъ мешаванд. Ҳаштод рӯз тӯю тамошо ва панҷоҳ рӯзи дигар сайру гашт давом кард. Хони бузург Земешчӣ тӯйи духтарашро ана ҳамин тавр гузаронид.

Эрднихон арӯсашро ба қаср овард. Нағора зада ҳамаи фуқароро ҷамъ карда, аз нав базм барпо намуданд. Онҳо чунон рақс карданд, ки ҳатто канда шудани тугмаҳояшонро нафаҳмиданд, чунон ҷастухез карданд, ки канда шудани

пешина
аз 200
навбатӣ