Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Сарам! Ман ҳамсари бегуноҳамро кушта будаам! Вай рости гапро гуфта будааст!» Эй хони бузург, хоҳӣ, ки ҳоли он кабӯтар ба сарат наояд, даст нигоҳ дор!

— Майлаш, гуфти ту шавад, эй мурғи доно ва эй тӯтии гӯё! — гуфт хон ва шамшерашро ба ғилоф андохт.

Хонум аз хоб хеста чун ҳаррӯза дасту рӯй шуст. Баъд оромона бо саҷок дасту рӯяшро пок карда наҳорӣ хӯрд. Хон дар тааҷҷуб буд ва ҳеҷ чиро фаҳмида наметавонист.

Шонҳор ба қаср омада, аз пештара ҳам беҳтар суруд хонд. Бевақтии шаб додари хонро кушта, дасту рӯй хонумро хунолуд намуд.

Саҳарии барвақт ҳамин ки хон аз хоб бедор шуд, давида ба пеши додараш рафт. Додарашро ҳам кушта дарёфт. Баъд ба назди хонум шитобид ва боз ӯро хунолуда дид. «Агар ӯ қотил набошад, дасту рӯяш аз куҷо хунолуд мешаванд? Чаро ӯ хуни дасту рӯяшро намебинад?» Хон шамшери дурахшони пӯлодинашро бароварда ба ҳаво бардошт ва... боз поён кард. Дилаш ба куштани хонуми ҷавон ҳаргиз намешуд. Ӯ чунон зебо буд, ки! Баъд ӯро бо наърае аз хоб бедор карда, дасти рости ӯро бурид.

— Ман аз хуни ту мегузарам, вале дигар тоқати туро дидан надорам, ваҳшизода! Ба куҷое хоҳӣ, бирав! Овораи ҷаҳон шав! — гӯён ӯ хонуми ҷавонро пеш кард.

Хонум бо даштҳои бедолу дарахт ба шарқ, ба ҷустуҷӯи пирамарди қаландар рафт. Ва инак пирамард ба овози ӯ ҷавоб дод:

— Оҳ, бадбахт ва бечорагии ман! — гуфт ӯ. — Тасбеҳи гарданатро иваз кардаанд. Ман нагуфта будам, ки тасбеҳро аз гарданат накушо! Вай туро аз ғазаби хон ва шарри қувваҳои бад нигоҳ медорад. Аммо ту гапамро аз ёд баровардӣ. Хайр, ҳоло ки омадӣ, ҳеҷ гап не. Ман ҳамон гуна боз як тасбеҳ дорам. Онро ба ту медиҳам.

Вай тасбеҳашро кушода ба дасти духтар расонда буд, ки дасти духтарак сиҳат шуда ба асли қадимаш гашт.

— Ба пеши хона бирав, — гуфт пирамард. — Ҳозир ман ин тасбеҳро як бори дигар ба ту мерасонам, дар тани ту либоси

пешина
аз 200
навбатӣ