Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Афсона
Аз аввал хондан- Аллакай бегоҳ шуд, дер шуд, - гуфт шикорчӣ. - Имшаб бори охирин дар хона хоб мекунам. Пагоҳӣ он сирро мекушояму ба дунёи дигар меравам.
Вай саҳарӣ барвақт хеста ба назди кӯтани гӯсфандон рафт. Вай гуфтугӯи гӯсфандонро шунид, ки онҳо мегуфтанд:
- Ана, хӯҷаини меҳрубони мо меояд, аз барои кунҷковии зани аблаҳу нодонаш қарор додааст, ки бимирад. Чаро вай даҳони занашро баста наметавонад? Дина ин занак гӯсфанди сеюмро барои куштан дошта бурд. Ин гӯспанд пешрави мо буд. Вай дар куҷо рӯидани алафи бомазаи ширадорро медонист ва бо роҳҳои беҳтарин моро ба он ҷо мебурд. Бе вай мо аз роҳ мебароем, роҳро гум мекунем ва акнун гургҳо моро мехӯранд.
Шикорчӣ ба назди аспон омад. Аспон бошанд, мегуфтанд:
- Ана хӯҷаини меҳрубони мо меояд, аз барои кунҷковии зани аблаҳаш қарор додааст, ки бимирад. Чаро вай занашро ором карда наметавонад? Дина ин занак байтали турукро, ки моро аз гургон муҳофизат мекард, барои куштан бурд. Бе вай ҳоли мо хароб мешавад.
Шикорчӣ ба пеши говҳо омад. Барзагов мегуфт:
- Ана хӯҷаини меҳрубони мо меояд, ки аз уҳдаи ором кардани зани аблаҳаш намебарояд. Ман зани бисёр дошта бошам ҳам, ҳамаашон ба гапам гӯш мекунанд!
Шикорчӣ ба юрт баргашт. Дар он ҷо сагҳо аккос мезаданд. Саги калонӣ мегуфт:
- Ба ман ҳеҷ гап не, ман пир шудаам, ба зудӣ мемирам. Хӯҷаинзан фурсати маро задан ҳам намеёбад.
Саги ҷавон бошад, мегуфт:
- Ман ҳам тоқати зарбу лат надорам. Ҳамин ки хӯҷаинамон мурд, гурехта меравам.
Шикорчӣ ба юрт даромад. Занаш ба ӯ гуфт:
- Канӣ, тезтар гап зан, тезтар! Ҳеҷ чизро аз ман пинҳон надор, ман ҳамаашро донистан мехоҳам! Барои ҷанозаат бошад, ҳама чиз тайёр аст.
Ҳамин вақт шикорчӣ ба қаҳр омад ва зани бадхоҳи дилбазанашро аз хона пеш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё