Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Каш, дигар наметавонам!
Муши дуюм ба ширнӯшӣ сар кард. Муши якум бошад, бе данонҳояш аз думи ӯ дошта меистод.
— Маро маҳкамтар дор! Эҳтиёт шав, боз сар надиҳӣ — фарёд мекард муши дуюм.
Аммо муши якум, ки бисёр шир нӯшида, вазнин шуда буд, думи рафиқашро сар дода фиристод. Муши дуюм ба зарфи шир афтида, ба ғарқ шудан сар кард.
— Акнун ман бе рафиқ чӣ кор мекунам! — дод мезад муши якум.
— Ёрӣ диҳед, ёрӣ диҳед! — дод мезад муши дуюм.
Шикорчӣ, ки ҳамаи инро шунида мехобид, табассум намуд ва аз ҷояш хеста, мушро аз зарф гирифт. Вақте ки боз хоб карданӣ шуд, занаш ӯро саволборон кард:
— Чаро ту хандидӣ? Ту, эҳтимол, ба ман хандидӣ? Куҷояш хандаовар буд? Чаро ту хеста мушро аз шир бардоштӣ? Аз куҷо донистӣ, ки муш ба шир афтодааст?
Шикорчӣ чизе намегуфт. Занаш боз такроран мепурсид:
— Эҳтимол, ту чизеро медонӣ. Ту барқасди ман фикре дорӣ. Ту ҳама вақт чизеро аз ман пинҳон мекунӣ!
Шикорчӣ дар охир гуфт:
— Ман ин сирро ба ту кушода наметавонам! Агар ин сирро кушоям, ҳамон дам мемирам!
Аммо занаш ором намешуд, баръакс, бисёртар дармеафтид. Мурӣ ҳам, мегӯӣ! Шикорчӣ хеле вақт тоқат карду баъд гуфт:
— Майлаш, мегӯям. Ту барои мурдан ва ҷанозаи ман ҳама чизро тайёр карда мон.
Занаш аспи беҳтаринро дошта, лаҷоми зеботарин ва зини қиматбаҳотаринро ба вай зад.
Шикорчӣ амр кард, ки камон ва тирдони пур аз тирро ба сутуни юрт овезанд. Баъд амр кард, ки либосҳои беҳтаринашро ҳам оварда дар ҳамон ҷо овезанд. Занаш даҳ дег аз шир арақ тайёр кард, аспи турук ва гӯсфанди сиёҳро барои ба меҳмонон куштан дар назди юрт баста монд.
— Ана, ҳамааш тайёр, акнун гап зан! — гуфт ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё