Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Шикорчӣ аз хонигарии мори чипорқанот ба сӯи хонааш роҳ гирифт. Аз байни ҷангал рафта истода хурсанд мешуд: охир ӯ гуфтугӯи паррандаву дарандаҳоро мефаҳмад! Шикорчӣ аз ҷангал баромад. Ба юрте дучор омад. «Ба ҳамин юрт медароям» — фикр кард ӯ. Аммо дар назди юрт саге аккос мезад:
— Ба ин ҷо надаро! Хӯҷайини ман бой бошад ҳам, хеле хасис аст. Дар ин ҷо ба ту на ин ки гӯшт, балки шир ҳам намедиҳанд, — гуфт ӯ.
Шикорчӣ роҳашро давом дод. Дар назди юрти дигаре саге аккос мезад:
— Ҳой мусофир, ба ин юрт даро. Хӯҷайни мо камбағал бошад ҳам, одами нек аст, туро меҳмондорӣ мекунад. Мо танҳо як гов дорем, аммо хӯҷаин туро бо шир зиёфат мекунад. Мо танҳо як гӯсфанд дорем, аммо хӯҷаин гӯсфанди охиринашро барои меҳмон қурбон мекунад.
Шикорчӣ ба юрти камбағал даромад. Соҳиби юрт бо ӯ меҳрубонона вохӯрӣ кард ва аз боло гузаронда шинонд. Занаш ба меҳмон як пиёла шир дод. Камбағал ба меҳмон таклиф кард, ки шабро дар хонаи ӯ гузаронад ва бегоҳӣ барои ӯ гӯсфанди охиринашро кушт. Вақте ки онҳо хӯрок мехӯрданд, саг минг-мингкунон гуфт:
— Эй меҳмони нек, ба пеши ман якто устухон парто, ман онро гирифта гурехта меравам, хӯҷаин хафа намешавад.
Шикорчӣ якто устухонро ба пеши саг ҳаво дод. Саг онро гирифта тохта рафт. Баъд аккос зад:
— Меҳмони нек маро бо қабургае зиёфат кард. Ман шаби дароз хоб накарда юртро посбонӣ мекунам.
Шабона гургҳо омаданд. Онҳо дар назди юрти камбағал истода уллос кашиданд:
— Ҳозир мо аспро мехӯрем!
— Хӯҷайини мо танҳо як асп дорад, онро хӯрдан мумкин нест. Агар пештар оед, ман баланд-баланд аккос мезанам. Хӯҷаин ва шикорчии меҳмон бедор шаванд, коратон чаток мешавад. Беҳтараш ба юрти бой равед, байтали фарбеҳи хокистарранги ӯро хӯред, вай аспи бисёр дорад. Сагҳояш ҳам гуруснаанд, ҳуши ба шумо аккос задан надоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё