Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
дӯсти худро бо қанотҳои ғафсу тавонояш се шабу се рӯз, то вақте ки тумани зарди заҳрнок пароканда нашуд, пинҳон намуд.
Вақте ки офтоб боз дар ин водӣ шуълавар гардид, мори чипорқанот гуфт:
– Мо душмани қаттоламонро нобуд кардем. Сипос ба ту, эй шикорчӣ. Мори зардқанот бисёр зарарнок буд. Вай ҳар рӯз се ҳайвонро дам кашида ва нӯқарони ман, морҳои оташинро мехӯрд. Агар ту намешудӣ, вай маро кушта, ҳамаи морҳои оташинро хӯрда нобуд мекард. Биё, меҳмони ман шав. Қасри ман, фуқарои ман, падару модари пири маро мебинӣ.
Шикорчӣ розӣ шуд ва онҳо ба як чоҳи чуқуре фаромада аз он ҷо бо роҳи зеризаминӣ ба як қасре расиданд, ки аз тиллову сангҳои қиматбаҳо буду медурахшид. Дар рӯи фарш морҳои оташин ҳалқа зада мехобиданд. Онҳо аз як арк ба арки боз ҳам бошукӯҳтар медаромаданд. Дар он ҷо, дар назди оташ ду мори чипорқаноти пире менишастанд.
– Инҳо падару модари ман, – гуфт мор.
Шикорчӣ ба онҳо салом дод.
– Ин шикорчӣ маро ва хонигарии моро наҷот дод, – гуфт мор. – Вай душмани деринаи моро кушт.
– Сипос ба ту, – гуфтанд падару модари мор. – Барои некиат туро бо туҳфаҳо сарфароз мекунем. Хоҳӣ, ба ту тиллову лаъли бисёр медиҳем. Хоҳӣ, ба ту ҳафтод забонро ёд медиҳем, ки гуфтугӯи парандаву даранда ва моҳиёнро мефаҳмидагӣ мешавӣ. Кадомашро хоҳӣ, интихоб кун.
– Ба ман ҳафтод забонро ёд диҳед, – гуфт шикорчӣ.
– Беҳтараш сангҳои қиматбаҳо ва тиллоро бигир, – гуфтанд падару модари мор. – Касе ки ҳафтод забонро медонад, зиндагиаш душвор мешавад.
– Не, тилло намехоҳам, ҳафтод забонро ёд диҳед, – хоҳиш кард шикорчӣ.
– Чӣ илоҷ, гуфти ту шавад, – гуфт мори пир. – Аз ин лаҳза сар карда, ту ҳафтод забонро медонӣ, аз ин лаҳза сар карда, гуфтугӯи парандаву даранда ва моҳиёнро мефаҳмӣ. Вале ин сирри махфист. Онро бояд аз одамон пинҳон дорӣ. Агар онро ошкор кунӣ, ҳамон рӯз мемурӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё