Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Эй шикорчии мерган, ба ман тир наандоз, ман ба ту бадӣ намекунам.

Туман ғафстару зичтар шуда, ба як мори зард табдил ёфт, ки қанотҳои хокистаррангаш садо мебароварданд.

Вай гуфт:

— Эй шикорчии мерган, биё дӯст мешавем. Ман ба ёрии ту муҳтоҷам. Чанд сол аст, ки ман бо мори зардқанот ҷанг мекунам, аммо ӯро мағлуб карда наметавонам. Мо ӯро дукаса мағлуб карда метавонем.

— Ман ба мадади ту тайёрам, — гуфт шикорчӣ.

— Ин тавр бошад, биё, ба водие меравем, ки он ҷо ҷанг мешавад, — гуфт мори чипорқанот.

Онҳо ба водии васее омаданд.

— Ҷанги мо хеле вақт давом меёбад, — гуфт мор. — Мо се бор ба осмон парвоз мекунем ва се бор ба замин мефӯрем. Вақте ки дафъаи чорум ба осмон мебароем, вай зӯр баромада, маро беҳол мекунад: вақте ки мо ба поён мефӯрем, вай аз боло мешавад ман аз таг. Ана ҳамин вақт ҳушёр бош: ман сари зарди ӯро ба тарафи ту тоб медиҳам, ту ба чашми ягонаи ӯ тир мезанӣ. Чашми ӯ дар мобайни пешонааш ҷой гирифтааст. Акнун дар ин чуқурӣ пинҳон шав, ҳозир мори зардқанот аз осмон худро рост ба ман мезанад.

Шикорчӣ ба чуқурие даромада пинҳон шуд.

Дере нагузашта, мори зардқаноте аз осмон тирвор ба замин фаромад. Задухӯрд сар шуд. Морҳо, ки ба ҳам печида буданд, се бор ба осмон баромада, се бор ба замин фуромаданд. Қувваҳо баробар буданд. Вале инак дафъаи чорум онҳо ба осмон баромаданд ва мори зардқанот аз мори чипорқанот зӯртар баромад. Вақте ки онҳо ба замин мефӯромаданд, мори зардқанот аз боло буду мори чипорқанот аз поён. Ҳамин вақт вай сари душмани худ — мори зардқанотро ба тарафи шикорчӣ тоб дод. Мергани моҳир мунтазири ҳамин лаҳза буд. Ӯ зеҳи камонашро таранг кашида меистод. Ба вай як мижа задан кифоя буд, ки бо тир чашми мори зардқанотро аз пушти сараш барорад. Ҳамон дам ба замин тумани зарди захрнок паҳн гардид, ки тамоми дарахтони ҷангалзор ва ҳайвонотро нобуд кард. Шикорчиро мори чипорқанот наҷот дод. Вай

пешина
аз 200
навбатӣ