Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
- Ман пири кордонам, ҷасуру қаҳрамонам, касе дар рӯи дунё бо ман нашуд баробар! Дар як дашти беодам ёфтам шонаи гӯсфанд, дар як юрт меҳмон шудам, фанд кардам соҳибашро. Устухонро иваз кардам ба як деги ҷӯянӣ. Баъд рафтам ба юрти дигар, соҳиби онро ҳам фириб додам - дегро бо гӯсфанд иваз кардам. Баъд даромадам ба юрти сеюм, соҳиби онро ҳам фанд кардам: ман доштам якто гӯсфанд, онро иваз кардам ба даҳ гӯсфанд. Баъд ду мусофирро фириб додам - ду пӯстини пӯсти гургиро гирифтам. Боз ба як юрт даромадам ва боз фириб додам соҳиби онро, пӯстинро пора кардам бо корди тез ва ду духтари ӯро гирифтам. Ман шудам соҳиби ду зан, маро мехӯронад рамаи гӯсфанд! Чӣ хел ҳаёти зебо дорам! Гӯсфандонамро чаро медиҳад як занам, гӯшт мепазад зани дигарам! Ман бошам, хобам дар рӯи намад! Эҳ, чӣ хел мӯйсафеди кордонам! Эй, чӣ хел ҳолу аҳволам нағз!
Занҳои ҷавон ин сурудро шунида аз ҳақиқати ҳол хабардор шуданд ва хеле ҳафа шуданд. «Маълум мешавад, ки мӯйсафед Уханай фиребгар будааст, — гуфтанд онҳо. — Дигар бо ӯ зиндагӣ намекунем, чорво ва чизу чораамонро гирифта, ба пеши падарамон меравем». Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд.
Мӯйсафед Уханай бошад, дар биёбони доманфароҳ яккаву танҳо монд.
ШИКОРЧӢ
Дар замонҳои қадим як шикорчии ҷасур ва мергани моҳире зиндагӣ мекард. Ӯ ҳама вақт бехато нишон мегирифт, дасти холӣ ба хона бар намегашт.
Вале боре рӯзи дароз дар ҷангал гашта, на дарандаеро вохӯрду на паррандаеро. Шалпару хаста гашту ӯро хоб бурд ва ӯ хоби аҷоибе дид: аввал тумани зарде ба рӯи ӯ афтид. Баъд тумани хокистарранг наздик омад.
Шикорчӣ аз хоб бедор шуда дид, ки тумани зарде ба ӯ наздик шуда истодааст. Вай тарсида камонашро гирифту ба он тир ҷой кард, аммо туман ба мисли одам овоз баровард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё