Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Гӯсфандони сафед хунолуд ва пӯстпораҳои сиёҳ дар шоҳҳояшон овезон аст.
- Хӯрдаанд, мурдорҳо, хӯрдаанд! - дод мегуфт мӯйсафед. - Акнун ба ивази вай даҳ гӯсфанди сафедатро ба ман деҳ! Охир, ту ваъда дода будӣ!
Илоҷи дигар набуд, соҳиби юрт маҷбур шуд, ки даҳ гӯсфанди сафедашро ба мӯйсафед диҳад. Мӯйсафед Уханай онҳоро пешандоз карда ба дашт рафт. Бегоҳӣ ду мусофири дигар, ки дар тан пӯстинҳои аз пӯсти гург дӯхташуда доштанд, ба ӯ расида гирифтанд. Вақте ки торикӣ фаромад, онҳо барои шабгузаронӣ дар як ҷой қарор гирифтанд. Ҳаво хунук шуд. Мӯйсафед бошад гуфт:
-
Пӯстинҳои аз пӯсти гург дӯхташудаатонро ба ман диҳед, ман ба рӯяшон хоб мекунам, абаромад, онҳо шабона гӯсфандони маро ҳафа карда мекушанд.
-
Чӣ сафсата мебофӣ, мӯйсафедча? - гуфт яке аз мусофирон. - Дар куҷо шунидаӣ, ки пӯстин гӯсфандонро ҳафа карда кушта бошад? Не, Уханайи маккор, худи мо пӯстинҳоямонро ба болоямон пӯшида хоб мекунем. Агар рафту онҳо шабона гӯсфандонатро ҳафа кунанд, ҳар ду пӯстинҳо аз они ту.
-
Ман розӣ, - гуфт мӯйсафед ва хоб рафт.
Вақте ки мусофиронро хоб бурд, мӯйсафед аз ҷой хеста, гӯсфандонашро ҳафа карда кушт ва оромона хоб рафт.
Саҳарӣ ҳамин ки бедор шуд, дод зад:
- Э вой! Чӣ бадбахтӣ! Ман нагуфта будам, ки пӯстинҳои шумо шабона гӯсфандони маро ҳафа мекунанд! Охир инҳо пӯстинҳои оддӣ не, аз пӯсти гурганд! Ба онҳо гӯсфандро нишон деҳу бин, ки чӣ хел онро даррав ҳафа карда, мепартоянд! Оҳ, акнун мани мӯйсафеди камбағал чӣ кор мекунам?!
Мусофирон аз ҷой чаҳида хеста дар ҳайрат монданд: даҳ гӯсфанд мурда хобида буданд. Илоҷи дигар набуд, аз пӯстинҳои пӯсти гургӣ ҷудо шудан лозим омад. Мӯйсафед пӯстинҳоро гирифта, роҳашро давом дод. Дере нагузашта, боз ба як юрти дигар расид. Соҳиби юрт пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё