Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Хафа нашав, мӯйсафед, — гуфт соҳиби юрт, — гӯсфанди сиёҳи маро бигир. Гапат дуруст баромад, гарчанде пеш аз воқеа ҳеҷ рӯй надода буд.
Мӯйсафед Уханай гӯсфандро гирифта роҳашро давом дод. Дере нагузашта, боз ба як юрти дигар расид. Соҳиби юрт пурсид:
— Эй мӯйсафед, ту кистӣ, чӣ ном дорӣ ва куҷо меравӣ?
— Ман мусофирам, — ҷавоб дод мӯйсафед, — номам Уханай, сайру саёҳат карда мегардам.
— Ин тавр бошад, камтар дар ин ҷо монда, меҳмони ман шав, — таклиф кард соҳиби юрт.
Мӯйсафед Уханай дар меҳмонӣ монд. Ӯ ба куҷое ки мерафт, гӯсфанди сиёҳашро кашола карда мебурд.
— Чаро ту аз гӯсфандат ҳеҷ ҷудо намешавӣ? — пурсид соҳиби юрт, — вайро ба рамаи гӯсфандони сафеди ман сар деҳ.
— Не, сар намедиҳам, — ҷавоб дод мӯйсафед, — метарсам, ки гӯсфандони ту шабона гӯсфанди маро мехӯранд. Пас ман бегӯсфанд чӣ кор мекунам?
— Ин хел шуданаш мумкин нест! Дар куҷо дидӣ, ки гӯсфанд гӯсфандро хӯрда бошад?! Лекин агар онҳо гӯсфанди туро хӯранд, ман ба ивазаш ба ту даҳ гӯсфанди сафед медиҳам!
— Ман розӣ, — ҷавоб дод мӯйсафед ва гӯсфандашро ба рама сар дод.
Вақте ки ҳамаро хоб бурд, мӯйсафед аз ҷо хеста аз юрт оҳиста баромад ва гӯсфанди сиёҳашро кушта, хуни онро ба тумшуқи гӯсфандони сафед молид. Баъд гӯшти гӯсфандро ба замин гӯр карда, пӯсташро пора-пора намуда, ба шохи гӯсфандони сафед овехт. Баъд аз ин боз оҳиста ба юрт баргашта, ба ҷойгоҳаш хобид.
Саҳарӣ ҳамин ки аз хоб бедор шуд, зуд сӯи рама давид.
— Ана, ман нагуфтам, ки гӯсфандони ту гӯсфанди маро мехӯранд! Э, вой! Акнун ман бе гӯсфанд чӣ кор мекунам?! — дод зад мӯйсафед.
Соҳиби юрт ба кӯтан давида омада дид, ки тумшуки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё