Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Дар куҷо дидаӣ, ки дег гӯштро хӯрад?! Ҳавотир нашав, деги мо гӯшт намехӯрад. Агар рафту ҳамин тавр шавад, агар деги ман гӯшти туро хӯрад, ман онро ба ту бармегардонам, - гуфт соҳиби юрт.

  • Ман розӣ, - гуфт мӯйсафед ва шонаро ба дег андохт.

Вақте ки гӯшт пухт, онро кашиданд. Шонае, ки Уханай ба дег андохта буд, бо кафлес баромад. Гӯшти вай ҷудо шуда, танҳо устухони сап-сафед монда буду халос.

  • Ана ман нагуфта будам, ки деги шумо гӯшти маро мехӯрад! - фарёд кард мӯйсафед Уханай.

  • Ҳафа нашав, пирамард, деги маро бигир. Сухани ту дуруст баромад, ҳарчанд ин воқеа пеш рӯй надода буд.

Мӯйсафед дегро гирифта ба роҳаш рафт. Дере нагузашта боз ба як юрт дучор омад. Соҳиби юрт пурсид:

  • Эй, пирамард, ту кистӣ, чӣ ном дорӣ ва ба куҷо меравӣ?

  • Ман мусофирам, - ҷавоб дод мӯйсафед, - маро Уханай меноманд, сайру сайҳатро дӯст медорам.

  • Ин тавр бошад, камтар меҳмони ман шав, - таклиф кард соҳиби юрт.

Мӯйсафед Уханай дар он ҷо меҳмон шуд. Вай дар ин ҷо ҳам ба куҷое, ки равад, дегашро ҳамроҳаш гирифта мегашт.

  • Чаро ту аз дегат ҷудо намешавӣ? - пурсид соҳиби юрт. - Онро дар қатори зарфҳои мо гузор, ба вай ҳеҷ чиз намешавад!

  • Не, намемонам, - ҷавоб дод мӯйсафед. - Метарсам, ки шаб гӯсфанди сиёҳи ту омада, деги маро мешиканад. Он вақт ман чӣ кор мекунам? Чӣ тавр хӯрок мепазам?

Соҳиби юрт гуфт:

  • Ин хел шуданаш мумкин нест. Гӯсфанди сиёҳи ман ҳеҷ вақт дегро нашикастааст. Аммо агар ин воқеа рӯй диҳад, ба ивазаш он гӯсфанди сиёҳамро ба ту медиҳам.

  • Ман розӣ, - гуфт мӯйсафед ва дегашро ба паҳлуи зарфҳои соҳиби юрт гузошт.

Вақте ки ҳамаро хоб бурд, мӯйсафед аз ҷо хеста дегашро шикаст. Саҳарӣ бедор шудан ҳамон фарёд кард:

  • Ана дидӣ, ман нагуфта будам, ки гӯсфанди сиёҳи ту деги маро мешиканад!
пешина
аз 200
навбатӣ