Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АФСОНАҲОИ БУРЯТӢ

МУЙСАФЕДИ КОРДОН

Дар замонҳои қадим мӯйсафеди камбағале зиндагӣ мекард. Ӯро Уханай меномиданд. Вай саёҳатро дӯст медошт.

Боре дар манзили хилвате шонаи бегӯшти гӯсфандеро ёфт.

– Баъзан чизи ёфтшуда фоида ҳам меорад, – гуфт мӯйсафед ва шонаро ба чуволаш андохт. Вай чанд вақте роҳ гашта ба як юрт расид. Ба юрт даромад. Соҳиби юрт пурсид:

– Эй пирамард, ту кистӣ, чӣ ном дорӣ ва куҷо меравӣ?

– Ман мусофирам, – ҷавоб дод мӯйсафед. – Маро Уханай меноманд, ман ба сайри олам баромадам.

– Ин тавр бошад, камтар дар юрти ман меҳмон шав, – таклиф намуд соҳиби юрт.

Мӯйсафеди Уханай розӣ шуд. Соҳиби юрт дид, ки мӯйсафед як лаҳза аз чуволи фарсудааш ҷудо намешавад. Вай онро ба куҷое, ки равад, ҳамроҳаш мебурд. Аз ин кори мӯйсафед соҳиби хона ба ҳайрат омад.

– Барои чӣ куҷое, ки равӣ, чуволи худро гирифта мегардӣ? – пурсид соҳиби юрт.

– Ман дар чуволам як шонаи гӯсфанд дорам, – ҷавоб дод мӯйсафед.

– Ту онро ба деги мо андоз, мон ки бо гӯшти мо якҷоя пазад.

– Ман-ку меандозам, аммо метарсам, ки деги шумо гӯшти маро мехӯрад.

пешина
аз 200
навбатӣ