Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Бум бошад, коҳ-коҳ мезад, гиря мекард, уллос мекашид – шикорчиро метарсонд. Шикорчӣ дароз кашида, аз ҷунбидан метарсид. Бум ба назди вай омад. Шикорчӣ як самурро ба оташ партофт.
Бум истода чӣ тавр сӯхтани самурро тамошо мекард.
Шикорчӣ низ дар ҷои хобаш чӣ тавр сӯхтани самурро тамошо мекард. Вай гумон кард, ки дили ачинаро нарм кардааст.
Ҳамин ки самур сӯхта тамом шуд, бум боз ба назди шикорчӣ омад. Шикорчӣ боз як самурро ба оташ партофт. Бум боз истода тамошо кард ва боз ба назди шикорчӣ омад.
Шикорчӣ бо навбат ҳамаи самурҳоро ба оташ партофт. Танҳо як самури аз ҳама сиёҳ монда буду халос. Дилаш ҳаргиз намешуд, ки онро ба оташ партояд. Вале онро ҳам партофт.
Бум коҳ-коҳзанон пару бол афшонда парида рафт. Шикорчӣ фарёд кард:
– Бум! Ин бум буд! Оҳ, агар медонистам, ки ту бум ҳастӣ, ҳуб калтаққориат мекардам! Тамоми зимистон дар тайга гашта, самури бисёр задам, аз барои ту шуда, ҳамаи самурҳоямро сӯхтам, бум!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё