Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ки ҳар кас хӯрокашро ба тарзи ба худ хос мехӯрад. Ту бошӣ, тарсидӣ, Эҳтиёт шав, дар хона гап назан, ки қайгусро дидӣ. Охир ман дӯсти туам. Дар хона хомӯш шин. Пурсанд, ки «Чаро гап намезанӣ?» — ҳеҷ чиз нагӯ. Агар гап занӣ, дигар аз хоб бедор намешавӣ.

Дисл ба хона давида омада, лижаҳояшро кушоду ба чайла даромад. Падараш пурсид:
— Кӣ туро сур кард, ки арақшор шудӣ?
Дисл чизе намегуфт. Пас, занаш пурсид:
— Кӣ туро тарсонд, ки арақат мерезад?
Дисл чизе намегуфт. Занаш ба ӯ нигоҳ карда гуфт:
— Ба ту чӣ шуд?
Дисл чизе нагуфт. Падараш гуфт:
— Вай аз ақл бегона шудааст.

Дисл бошад чизе намегуфт. Чанд вақт хомӯш нишаст. Падараш дарқаҳр шуд ва бо ду пояш ба зонуи ӯ фаровард. Дисл оҳ кашида гуфт:
— Дар ҷангал бо қайгус вохӯрдам. Мо бо ҳам дӯст шудем. Вай гуфт, ки дар бораи ӯ чизе нагӯям. Таъкид кард, ки агар чизе гӯям, аз хоб бедор намешавам.

Мӯйсафед гуфт:
— Ино бинед, бо ким-кадом як қайгус дӯст шудааст!

Дисл ба хоб рафт. Саҳарӣ занаш хеста оташ даргиронд ва шавҳарашро бедор карданӣ шуд, вале Дисл бедор нашуд.
Шикорчӣ ба хоби абадӣ рафта буд, қайгус ӯро ба назди худаш чег зада буд.

БУМ

Як шикорчӣ муддати дуру дароз, тамоми зимистон дар ҷангалзор гашта самури бисёре шикор кард.
Боре шабро дар чайла дар назди оташ мегузаронд. Як бум аз мӯрӣ даромада, дар он тарафи оташ нишасту гүргүр кардан гирифт. Шикорчӣ бедор шуда фикр кард: «Ба чайла ачина даромадааст».

пешина
аз 200
навбатӣ