Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданУнгет ҳамин тавр фикр кунад ҳам мегӯяд:
- Тилгет онҳоро пора кардааст. Ман санҷобҳоро шикор намекунам. Ман танҳо онҳоро ба линга андохта мебардорам.
Модар хомӯш монд.
Вақт мегузашт. Модар пир мешуд. Як рӯз вай гуфт: - Ақаллан ягонтаатон зан мегирифтед. Дастонам монда шуданд. Қуввати кор кардан надорам. Ба ман дастёр лозим.
Бародари калонӣ Унгет ҷавони зебо бошад ҳам, хеле танбал буд. Шикор кардан намехоҳад, корро дӯст намедорад. Ин хел одам магар зан меёбад? Пирамард гуфт: - Ҳап, кампир. Қоратро карда шиштан гир. Магар ба ин хел одам зан ёфт мешавад?
Модар гуфт: - Тилгет шикорчии чобук аст. Тилгет одами нағз аст.
Унгет фикр кард: «Ҳамаашон фақат Тилгет, Тилгет. Модарам ҳам Тилгет мегӯяду падарам ҳам. Маро одам ҳисоб намекунанд. Чаро ман ин хел таваллуд шудаам? Кӣ ба ман ба шавҳар мебарояд? Одамони нағз бояд зан дошта бошанд».
Бародарон ба шикор рафтанд. Тилгет санҷоб шикор мекард, Унгет онҳоро ба линга меандохт. Вай аз бародараш пинҳонӣ пӯсти онҳоро бурида вайрон мекард, барқасди модараш вайрон мекард. Унгет дар он тарафи дарё ҳарсангеро дид: «Ман хоҳ ҳамон хел санг мешудам, беҳтар буд» – фикр кард ӯ. Бодиққат ба атроф гӯш андохт. Ногоҳ аз он тарафи дарё овозе шунид, садои пӯшида шудани дар ба гӯшаш расид. Вай ба бародараш гуфт: - Торик шуд, ба хона меравем.
Онҳо ба хона баргаштанд. Дар хона Унгет ба падараш гуфт: - Пагоҳ ба ман камон соз, камони мустаҳкам соз.
Саҳарӣ мӯйсафед гуфт: - Унгет камон мехоҳад. Танбал камон мехоҳад. Камон ба танбал чӣ даркор?
Унгет аз хона тохта баромаду табарро гирифта зуд хезуми бисёре бурид. Баъд ба ҷангал тохта рафта, пӯстлохи дарахти сӯзанбарг ва тӯсро бурида ба хона овард ва ба падараш дод зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё