Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Чаро бояд рашк бибарам, ки он Ёр ҳазор ошиқи зор дорад? Бояд ифтихор бикунам. Ва аз шодӣ дар олам намегунҷидам, агар яке аз он ҳазор ман мебудам.
Гуфт: «Ҳама ошиқони маро он гуна, ки дӯстам медорӣ, дӯст бидор». Ва ман шукр намудам, ки медонад дӯсташ медорам. Оре, ба поси ин дигар метавонам барои садҳазор ошиқи ӯ ин ҷони гиромиро нисор бикунам.
Мегӯяд: «Ту беҳтар аз ман ёре дар олам намеёбӣ». Магар ман ёреро ҷуз Ӯ суроғ дорам ва метавонам дӯст бидорам?
Шабро, шаби зеборо, бо чароғ, чароғи рӯшан чанд рӯз, рӯзи муборак ҷустам, наёфтам. Агар Ту, эй Ёр, Ёри ягона, Ӯро бо худ бурдаӣ, бигӯ, то пас аз ман, мани ошиқ, ҷустани мардум, мардуми шайдо ба беҳуда набошад.
Дар ин шаб, шаби зебо, зеботар аз рӯз, рӯзи дилрабо кӯдаке ба дунё омад. Зиндагиро ин бор дидам, ки ба ҳастии ӯ менозид. Ба Худо, он лаҳза аз Зиндагӣ напурсидам, чун масти ноз буд, аммо дарёфтам, ки шаби тавлиди Ту, эй Ёр, дар он як фасли дӯстдостанӣ, фасли арӯси барф, чӣ қадар ифтихор дошт ва башорати муҳаббатро ба мардуми олам медод.
Овози як садо аст, як садои по аст, дар ин нимашаб. Беҳтар аз оҳанги зебои гулҳо ва рӯзи рӯшан ба гӯш мерасад. Ба Худо, эй Ёри ягона, ман аз он фоли омадани Туро мегирам.
Ғамро дар ин нимашаби зебои зимистони дилрабо дӯст доштам. Беҳтар аз шодӣ худро ороста буд. Ва пайгоми омадани Ёрро дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё