Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Нагуфтамат, ки оинаҳоро машикан? Ҳамаро шикастӣ, ҳама оинаҳои дилро шикастӣ. Дигар бар ин хонаҳо, ин хонаҳо, ки як оина надоранд, намеоӣ ва бад-он ҳусну ҷамолат наменигарӣ. Медонам, пас аз сад ҳазор сол ҳам аз ин амал пушаймон намешавӣ, аммо агар аз рӯи меҳрубонӣ бипурсанд чаро оинаҳоро шикастӣ, мегӯӣ: «Ҳеҷ дар ёд надорам ва ҳеҷ оинаро замоне нашикастам». Агарчӣ Туро бовар мекунанд, маро сарзаниш менамоянд, ки ин туҳмати бузургро чаро бар Ту бастам. Охир, дигар оинае надорем, то як нишони ҳақиқатро аз он биёбанд ва бигӯянд чаро оинаҳоро шикастӣ. Дигар осмону дарёҳо ҳама дар ҳиҷолатанд ва ҳамчу ман наметавонанд аз он дидори зебо ба ҳастию ҷовидонагии худ барои лаҳзае умед бубанданд.
Дигар ӯ тоби шунидани ин таронаҳои пурсӯзро надорад. Ва он чашмони зебояш, ки аз сурма менозад, намехоҳад бар ин навиштаҳо як лаҳза назар бикунад. Бо ин ҳама ишқ мехоҳад барои Ӯ, он ёри ягона, ҳамчунон таронаҳои пурсӯзро бигӯям ва ҳам бинависам.
Зиндагиро таровати дигар бахшидӣ. Афсонаи муҳаббатро ширин намудӣ. Баҳорро зеботар ба чашм овардӣ. Ва чӣ сон шукри Туро, эй ёри ягона, ба ҷо биёрам, ки на зиндагиям, на афсона, на баҳор? Агарчӣ ҳамаро дӯст медорам ва Туро бештар.
Аз он як шаби бас муборак гуфтӣ. Ва ҳам аз хонаи рӯшану дастархони пурнозу неъмат. Онро беҳтарин лаҳзаи зиндагии худ хондӣ. Аз он ки ман дар он набудам?
Гулҳои сурхи садбаргро гирифтӣ ва бӯидӣ ва аз зебоии он сухан кардӣ. Ба Худо, ман дидам, ки он гулҳо бас шод буданду зиндагиро бо Ту, эй зиндагиофарин, шукр менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё