Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Нарафт. Аммо, шукр, ин Туро барои умре шод гардониду саодатманд.
Бигӯ дигар баҳор намеояд ва ҳам як гул намешукуфад. Агар борон меборад, пайғоми ӯ аз барфи сард аст. Ва офтоб пушти абрҳо барои умре рухи зебояшро ниҳон мекунад.
Бигӯ, ба Худо, бигӯ. Ҳеҷ наметарсам ва ғамгин низ намешавам. Охир, дарёфтаам, ки агар Ту ҳам намегӯӣ, ин як ҳақиқатро аз нигоҳи рӯзгор мехонам. Аммо ин бор мехоҳам овози Туро бо ин ҳама суханон, ки ростанд, дар вуҷуди худ ҷой бидиҳам ва баъд аз диёри сангину сардат биравам.
Дар нигоҳи Ту, мегӯянд, шарор нест. Пас ин оташ аз куҷо дар вуҷуди ман роҳ ёфт ва маро сӯхт? Оре, ҳам ин оташро ҳеҷ кас натавонист хомӯш бисозад, агарчи аз ҳама олам барои он ба зорӣ таманно доштӣ.
Барф, эй арӯси зебо, он Ёри дилсарди маро дигар ҳеҷ пеши назар маёр! Агар ҳам мегӯӣ, ки Ӯ ин бор аз ман ёд овард, ба Худо, боварат намекунам. Охир, бароиш гуфтанд, ки ман ҳазор сол пеш ин ҷаҳонро падруд гуфтам. Ва Ӯ ба шукронаи ин як мужда зеботару рӯшантар барои ҳазор ёри худ чун офтоб дар он нимашаб тулӯъ кард ва гуфт: «Баҳор дигар фаро расид ва ҳама бояд гули умеди худро барои як ид бичинад».
Гуфтӣ: «Чаро он гуна, ки дар таронаҳоят бас зебоӣ, намеоӣ?» Чӣ бигӯям, ки ту ошиқ нестӣ ва маро он гуна, ки ҳастам, намебинӣ?
Гуфтӣ: «Дунёи ту дигар аст, дунёи ман дигар, ҳеҷ монандине ба ҳам надоранд». Ва бад-ин баҳона рафтӣ. Оҳ чаро нахостӣ дар як дунё бошем ё дунёи дигар бисозем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё