Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Хаёл аст, ки маро сӯи Ту мебарад, аммо боз ноумед аз кӯи Ту бармегардонад.
Агар дар хонаи Ту гулест, ки ёд аз хазон меорад, барои Худо, обаш мадеҳ ва бар ҷавоне бубахшаш, ки беш аз ҳама дӯстат медорад. Охир, Ту ҳар дуро ки намехоҳӣ.
Духтараки зебое, ки бисёр дӯстам медошт, бароям дар фасли бас сарди зимистон, ки офтоб рух наменамуд, ду бор гул овард. Бори аввал гули сафедашро ба дастам надод, балки дар наздам гузошт. Ва ман баъд дарёфтам, ки он рӯз ба ҷанозаам омадааст. Дар асл он рӯз барои Ту, эй дилсардтарин ёри ҷаҳон, ҷон дода будам. Аммо намедонам ин муждаро барояш кӣ расонид, чун Ту ҳам аз ин марг, ки бас нобаҳангом буд, бехабар мондӣ.
Бори дуюм гули садбарги сурх овард ва ҳамчунон дар наздам гузошт ва хомӯш, аммо об аз дидагон рехту рафт. Оре, он замон азитарин ёрашро, ки оламро гӯё пеш аз ин падруд гуфтааст, зиёрат намуд. Ба Худо, ман аз ин ҳеҷ наранҷидам, аммо, эй ёри номеҳрубони ман, ӯ чӣ гуна донист, ки Ту чӣ гулеро дӯст медорӣ? Бечора пиндошт, ки Ту низ ба зиёрати ин як ошиқи содиқи худ ҳатман меоӣ ва гули дӯстдоштаатро мебинӣ?
Мебинам ва гӯш медиҳам, ин паррандаи зебо дуртар аз гул ҳамон як таронаро мехонад, бас соддаву фаҳмо. Пас чӣ сон нагӯям он таронаи ишқ аст? Аммо гул масти таронаи насими форам аз вуҷуду хониши ин паррандаи зебо ҳеҷ хабар надорад. Ва чаро ман ба ин парранда монандаму барои ӯ низ ғам мехӯрам, ҳеҷ намедонам.
Агар ҳазор тарона гуфтам, ҳамаро барои Ту, эй ёри ягона, гуфтам. Агар ҳам ба ҳазор дилдодаи худ онро мебахшӣ, ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё