Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Он гоҳ умед мебандад, ки ба манзил мерасам, ба манзили ҷонон мерасам ва мегӯям: «Пирамарде нуронӣ низ дар такяи асо мехост ба дидори Ёр бирасад». Ва ин як ёд ӯро умри ҷавонӣ мебахшад ва ба манзили ҷонон мерасонад.
Аз абрҳо намегӯям, аз абрҳои беҳисси зимистон намегӯям. Ва ҳам аз он офтоб, ки дар рӯз рухашро ниҳон кардааст. Дилам, ки ғам дорад ва мехоҳам ба барфи сафеди рӯи замин бинигараму ҳеҷ умед ба омадани баҳор набандам. Охир, он Ёр ба диёре рафта, ки осмонаш пур аз абр аст, офтобаш рух наменамояд ва ҳам барф аз рӯи замин барои умре намехоҳад бархезад.
Имрӯз, ба Худо, нигоҳат ҳеҷ шарар надошт. Ва гувоҳӣ медод, ки он дили бас сардро ба касе арзон фурӯхтаӣ. Мабодо онро рӯи санге бигузорад? Охир, мегӯянд, ки санг ҳам шарар дорад.
Кӣ маро водошт, ки бо Ту, эй дилсардтарин Ёри ҷаҳон, ошно бишавам? Пас аз он хушбахтӣ маро тарк кард ва ҳама дарашро ба рӯям баст. Дигар ба танҳоӣ дар ин хона менишинам ва ҳам як рӯз овозатро намешунавам, то умед ببандам, ки рӯзе маро ба поси муҳаббат садо мекунӣ.
Туро чӣ ғам, ки рӯзе ҳазор бор дар оина рӯи зебои худро мебинӣ? Морост ғам, ки дигар барои ҳама умр аз дидори худ маҳрумамон намудӣ.
Боке нест, агар маро аз ёд бурдӣ, аммо бояд бимирам, агар намехоҳӣ ба ёдам биёрӣ.
Савганд ба хандаҳои ширини Ту, ки ҳамчунон ҳазор сол талх мегирям, агар боре ба тасаллоям наёӣ ва нагӯӣ ба дарди ҷонсӯзи ишқ бисоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё