Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Савганд ба номи ҳар кӣ дар ин ҷо ҳаст, ки Ту ҳамаро бештар аз ман дӯст медорӣ, агарчи беш аз ҳама Туро ман дӯст медорам.

Мегӯӣ, ту худро дӯст медорӣ. Оҳ, магар ман дар ихтиёри худам?

Мегӯӣ, ту худро дӯст медорӣ. Оре, чун нахостӣ Туро дӯст бидорам.

Ба гуноҳи ин ки рози муҳаббатро ошкор сохтам, маро Ӯ хоҳад сӯхт. Аммо намедонам, кадом оташ сӯзонтар аст. Оташе, ки имрӯз дар он месӯзам ва ё оташе, ки фардо дар он хоҳам сӯхт. Агарчи дармеёбам, ҳамарӯза ин оташ бештар забона мезанад.

Ба Худо, имрӯз аз ҳама рӯзи дигар зеботар омадӣ. Аммо чаро забонамро бастӣ, то аз ин зебоӣ оламеро мужда медодам?

Ҳазор рӯз асту садҳазор бор аст, ки мегӯӣ: «Ту худро дӯст медорӣ». Оҳ, чаро ба як бор дар ин оташи беранги муҳаббат маро намесӯзӣ, то бод хокистареро ҳам наёбад, ки бибарад?

Ағёр маро душман гирифт, ки Ёрашро дӯст доштам. Аммо он Ёр низ маро аз ёрон нахонд. Оҳ, бо ин ҳама гила на аз Ёр метавон кардан, на аз ағёр. Ва ҳам бояд ҳама рӯз бигӯям: «Ёрро бо ағёр дӯст медорам». Оре, агар нагӯям, Ӯ аз ағёр сурати зебои худро ба ман менамояд.

пешина
аз 210
навбатӣ