Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Овози он Ёр аст, ки ба гӯши ман мерасад. Бо ғайр сухан мегӯяд. Мепиндорам, ки сухан аз куштани ман аст. Агар на чунин аст, чаро ман пас аз он худро барои як ҷон додан омода намудаам?

Оинаҳоро пок насозед. Нақши он Ёри ман, ки дар онҳо аст.

Ифтихор дорад, ки маро мефиребад ва ҳам мепиндорад бас соддааму ӯро дарнаёфтаам. Аммо дӯст медорам, ки ҳама умр аз ин ифтихор бикунад. Ба Худо, бад-ин хотир аз ҳар рӯзи дигар боз соддатар меоям.

— Ба ин роҳе, ки ҳеҷ поён надорад, чаро менигарам?— мепурсад он Ёр.

— Намедонам,— мегӯям дар посух.— Ва ҳам намедонам чаро ман дар ин роҳ меравам, агар на роҳи Ишқ аст.

— Дунё зебост,— мегӯяд он Ёр.

— Аммо Ту зеботарӣ,— мегӯям ман. Ва, афсӯс, ин ҳақиқатро ҳам намехоҳад аз ман бовар бикунад.

Ҳама меҳр аст, ҳама вафо аст он Ёр. Аммо бемеҳру бевафояш хондам. Охир, тарсидам, ки агар ҳақиқатро бидонанд, дил ба ӯ медиҳанд ва ман пушти дар мемонам.

Агар сад сол дар ин хона бинишинам, медонам, дари онро Ишқ ҳаргиз намезанад. Ва хушбахтӣ ҳам овоз намедиҳад, ки аз ёди Ёр рафтаӣ. Аммо ба киро бигӯям: «Пои маро бастаанд, дасти маро шикастаанд», чун забонамро бастаанд.

пешина
аз 210
навбатӣ