Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Имрӯз Хушбахтӣ ба суроғи Ту, эй Ёр, меояд. Агар бо ӯ ба диёри сангини худ меравӣ, рӯи санге номи маро бо меҳр бинавис, то санг ҳам рӯзе гувоҳӣ бидиҳад: «Ту дил доштӣ, дили пурмеҳр ва нарм».

Хушбахттар аз Ту Ёре дар олам намедонам. Аммо чаро Ту ба рӯи хушбахтӣ намехандӣ, то ба шукронаи ӯ рӯзе ба рӯи ман бихандад?

Чаро аз пирӣ метарсӣ? Пирӣ он қудратро надорад, ки ба суроғи Ту биёяд ва туро овоз бидиҳад. Ва ҳам ҷавонӣ Туро шинохтаасту дил додааст. Ба Худо, ҳеҷ намегузорад онеро, ки ба ҷону дил дӯст медорад, ба дигаре бубахшад.

Рӯзҳо мераванд, бе як садо мераванд. Оре, ба тақлиди Ту, эй Ёри беҳтар аз ҷонам.

Рӯзҳо меоянд, бе як садо меоянд, аммо Ту намеоӣ, ба тақлиди рӯзҳо ҳам намеоӣ.

Дар он шаҳри орзуҳои ман Ту, эй маликаи бахт, чароғи умедҳоро фурӯзон мекунӣ ва ба офтоб мегӯӣ: «Ба ҳар чароғ агар рашк намебарӣ, ҳамчунон бо домани пурхун менишинӣ ва аз ёди тулӯъ ҳам даст мекашӣ».

Чӣ хушбахтӣ, эй офтоб, ки аз саҳар то дили шом меҳмони хонаи он Ёр мешавӣ ва ҳеҷ кас ҳам ба ту рашк намебарад.

Савганд ба чашмони сиёҳат, эй Ёр, ки рӯзи ман сиёҳ нест, аммо бе тулӯи офтоби ҳуснат дунёям ҳеҷ ранге намегирад.

пешина
аз 210
навбатӣ