Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бад-ин зебоӣ чаро Ту бояд нанозӣ? Охир, он оина аз дидорат ки менозад.

Ҳамеша офтоби бахт ба рӯи онҳое механдад, ки ошиқанд.

Метарсам, ки Ӯ дил аз ман мегирад. Ва намеандешам, ки ҳеҷ гоҳ дил ба ман надода буд. Охир, ошиқ наметавонад бияндешад.

Ӯ дигар расми хандиданро аз ёд бурдааст. Чаро аз Худо хостам, ки мисли ман ошиқаш бигардонад? Акнун ҳамеша ба роҳи омади ҷавоне, ки дили бас сард дорад, бо гиря менишинад ва маро ҳеҷ ба ёд намеорад.

Барои оне, ки ҳазор сол пеш дил додаам, ҳеҷ гоҳ гул набурдаам. Охир, касе, ки аз ошиқ дилро намепазирад, чӣ гуна гулро мегирад?

Дар оғози як рӯзе, ки барф меборад ва аз офтоб ҳеҷ хабар надорад, барои Ту, эй Ёри беҳтар аз ҷонам, тарона менависам, таронаи пурсӯз. Аммо Ту онро дар поёни рӯз ҳам, он гоҳ, ки офтоб бо дили пурхун майли нишастан мекунад, намехонӣ. Мегӯӣ: «Фардо онро хоҳам хонд». Медонам, агар фардо бирасад, бо ҷавоне ба диёре меравӣ, ки Бахт он ҷо худ барои шумо таронаи меҳрро мехонад ва Ту аз мани дилшикаста ҳеҷ ёд намеорӣ. Оҳ, агар ҳам орзу мекардӣ, ки он ҷавон ман мебудам, шодӣ дар ҳама умр ба ин як дилшикаста ошиқи Ту рашк мебурд ва то ба қиёмат ҳамчунон бароят тарона мехонд.

Бе Ту, намедонам, ин як рӯзи бас сарди зимистон, эй офтоби бахти ман, чӣ сон хоҳад гузашт. Аммо агар фардо маро

пешина
аз 210
навбатӣ