Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ин бор ҳам ба он диёри сангин бе ман меравӣ. Ва пас аз пушаймонӣ ба фиреби худ мегӯӣ: «Сард буд ин диёри сангин. Бас сард буду сангин. Ва туро чӣ гуна меовардам?»
Ман инро аз ин диёри бас дур мешунавам ва мегӯям: «Ӯ дили киро бо худ бурда? Охир, дили Ӯ сардтару сангинтар аз дили диёраш буд ва наметавонист бо меҳрубонӣ аз ман ёд биёрад».
Як рӯзи офтобӣ, ки Ту, эй Ёри зебои ман, гул ба сар меоӣ, ҳама таронаҳои худро месӯзам. Оре, дар оташи Наврӯзӣ. Ва аз он Наврӯзи оламафрӯз ҳама умр таронаи меҳру вафои Туро мехонам. Ва мебинам, ки дигар ҳеҷ фасле сард намеояд ва Ишқ ба ҳастии худ ифтихор менамояд.
Гуноҳи ман нест, агар туро ба он меҳру вафо нашинохтам. На меҳрро медонистам, на вафоро. Ва мепиндоштам, ки зеборухон ҳама дили сангин доранд. Ва ҳам Ту, охир, на аз он диёри сангин неомадӣ?
Ва ин духтараки зебо, дар ҳоле ки мехоҳам таронаи меҳру вафои Туро бинависам, мехоҳад роҳи хонаи маро бирӯбад. Оҳ, агар ман навиштани ин таронаро ба поён бирасонам ва духтараки зебо роҳи хонаи маро бирӯбад, аммо он замон хоҳиши омадан ба манзили ин ошиқи бадбахт дар дили сангини Ту мурда бошад.
Шаб чароғи хонаи мо мурд. Хона торик буду сард. Ва шукр намудам, ки Ту хоҳиши омадани маро рад кардӣ. Аммо, ба ростӣ, агар неомадӣ, чароғ ин як нерӯро намедошт, ки бимирад ва хона торику сард бишавад.
Ба ман ин духтараки зебо мегӯяд: «Дар он хонаи бас сард чӣ гуна тавонистаӣ, ки бинишинӣ?» Намедонад, ки Ту дар хаёли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё