Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Аммо чун ошиқ шудам, ҷаҳонро бас зишт дидам ва ҳамаро душман гирифтам. Ва дарёфтам, ки ин бечорагон на Ишқро мешиносанд, на ҷаҳонро, аммо шукрашонро ба ҷо овардам.
Бахт ба рӯи ту механдад, замоне дил ба Ёр медиҳӣ, - гуфтанд мардум.
Аммо чун дил додам, дидам, ки бахт дар ҳама умр боре аз гиря наёсудааст ва чун ман хоҳони он Ёр аст.
Аз он ошиқе, ки рӯзе пештар ифтихор дошт, ҳикоят намекунам. Магар оҳу ашки ӯ гувоҳи ҳолаш нест?
Оре, агар рӯзе дигар фаро бирасад, интизор набошед, сухане аз он ошиқи саргашта ба шумо хоҳам гуфт. Ӯро на ман дар ин шаҳр мебинам, на шумо. Ва аз ғоиб сухан намекунанд. Оҳ, агар дарбиёбед, ки он манам ва бидонед, ки Ишқ бо мани нотавон чӣ кард. Охир, боре агар ба ҳолам намегириед, ба ин роҳ, ба суроғи Ёр намебароед.
Эй пирамарди хаста аз рӯзгор! Аз чӣ номи Ёри маро бар забон меорӣ ва дил бар ҷаҳон мебандӣ?!
Дасти ин пирамарди нобиноро мегирам ва чиҳил гом ӯро ба пеш мебарам. Вақти видоъ ӯ бо ҳасрат мегӯяд: «Ҷавонӣ гузашт». Ва ман дар ин гуфтор, ва ман дар ин ҷавонӣ Ёри зебои ӯро мебинам. Афсӯс, ҳамчу Ёри ман рӯзе ба ӯ вафо накардааст. Ва, аҷаб, ҳама умрро бо ёди ин бевафо ба сар бурдааст.
Пирамард ба ман гуфт: «Беҳтарин гулро барои ман харидорӣ бикун. Ва маро то ба пеши он ёр бибар. Оре. Чашмонам дигар намебинад».
Пирамард дар роҳ гулро намебӯид ва ҳама сухан аз ёр мегуфт. Ва ман ба ӯ нагуфтам, ки маро ҳам ёре интизор аст ва ҳама пулам танҳо барои харидани гуле мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё