Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шуморо метавонам ошкор намоям. Охир, бӯи ишқ аз ҳазорсола роҳ ба машомам мерасад.

Ба Худо, ман дар назди Ту бояд аз муҳаббат сухан накунам. Охир, ҳама кӯшиши ман дар ин роҳ об дар ғирбол гирифтан аст. Дар дили Ту барои ҳама чизи олам ҷой ҳаст, ба ҷуз муҳаббат. Агар боре ба ин бадбахтии худ намегирӣ, намедонам гӯри бас тангу торик фардо чӣ гуна ба фарёд хоҳад омад.

Шод шудӣ аз он ки маро ба номи муҳаббат фирефтӣ. Ва бештар шодӣ намо, ки ба номи он мемирам.

Хонаи вуҷуди ман дигар чароғ надорад. Пас аз замоне медонам, ки он хароб мешавад. Ва низ медонам, ки ҳатто ҷӯғзе ба болои он неменишинад ва нола сар намедиҳад.

Аз сарнавишт, мегӯянд, ки ҷои гурез нест. Оё Ту, эй бевафо Ёрам, сарнавишти манӣ?

Худо Туро, эй бевафо Ёрам, ошиқи ҷавоне бигардонад, ки надонад ишқ чист ва напаҳмад, ки гиряҳои нимашабат барои кист. Агарчи он замон аз мани ошиқи дилхастаи худ ёд намеорӣ, дармеёбӣ ишқ бо ҳама талхиҳо ширин аст.

Эй Худо, чӣ гуноҳи бузурге аз ман ба вуҷуд омад, ки маро ошиқи он дилсардтарин ёри ҷаҳон гардонид? Ҳазор сол боз дар оташи ишқаш месӯзам, аммо нишоне аз раҳоӣ намеёбам.

Худоё, ин садои пои Ӯст, ки ба гӯш мерасад ва вуҷудамро ларза фаро мегирад. Оре, пас аз замоне рӯ ба рӯ мешавем, аммо ман пештар аз ин лаҳза мегӯям: «Чӣ хушбахтанд ононе, ки намешунаванд ва ононе, ки намебинанд».

пешина
аз 210
навбатӣ