Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
меояду ҷаҳон ба таълим. Аммо он дил, ки пеши Туст, мехоҳад як бор номи маро бар забон биёрӣ ва садояш бикунию умедам бубахшӣ, ки рӯзе хуш дар пеш аст ва офтоби бахт боз аз нав тулӯъ мекунад.
Бирав ва бо он ҳазор ҷавоне, ки яке ҳақиқати зиндагиро дарнаёфтааст ва Туро ҳам нашнохтааст, биноз. Бигӯ, ман дилсардтарин мардуми оламам ва ҳеҷ бӯи ишқро нашнидаам. Худо рӯзе чашмонатро бикшояд ва дилатро андак меҳр бубахшад, то ошиқи содиқро дарёбӣ ва бароиш садҳазор сол бигирӣ ва бидонӣ чӣ хатои бузург аз Ту рафта, ки пас аз сӯхтанат ҳам намебахшад. Оре ва ҳам чеҳраи маро пеши назар оварда натавонӣ.
Бар Ӯ бигӯед, ки дигар номи маро ҳеҷ бар забон магирад ва ҳам нагӯяд, ки садҳазор сол бозаш мешиносам. Ман бар он бевафо эътимод надорам ва вуҷуду ҳастияшро аз ёд мебарорам. Агар ҳам дар роҳе ба тасодуф дучор биёем, мепиндорам гадоест ва дар пеши пояш андак пул мегузорам. Ба гиряҳои талхаш ширин механдам ва тулӯи офтобро бароиш муборак мегӯям.
Чароғҳои хонаат ҳамеша фурӯзон бод! Ханда аз лабонат лаҳзае дур нагардад. Дастархонат ҳамеша пур аз неъмат бошад ва кӯдаконат шоду хуррам. Рӯзат ҳама офтобӣ бошаду шабат моҳтобӣ. Ончунон хушбахт бишавӣ, ки оламе ба ҳасад ба Ту бинигарад ва Ту аз ин лаззат бубарӣ. Оре ва маро ҳеҷ ба ёд наёрӣ ва нагӯй ошиқе ранҷур дар гӯшае дур бароям месӯзад. Охир, ёди Туро дигар намехоҳам ва бовар дорам Худо ин дуои мани нотавонро мустаҷоб мегардонад.
Дигар метавонам ҳатто ин духтараки сиёҳчурдаи лӯлиро, ки ҳам чашмони фурӯрафта дорад, дӯст бидораму Туро аз ёд бибарам ва вонамуд бикунам, ки ҳеҷат намешиносам ва боре ба тасодуф ҳам дар роҳ бо ҳам во нахӯрдем. Ту агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё