Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Савганд ба он чашмони сиёҳат, ки Ту маро дӯст медорӣ. Ба он гулҳои садбарги сурх манигар ва як бор рӯ ба сӯи ман биёр ва ин ҳақиқатро ошкор бикун. Ба Худо, ҳам он чашмони зеборо дар хиҷолат магузор ва дилро дар ранҷ нигаҳ мадор. Боварам бикун ва ғамгин машав, ки аз шодии дарёфти ҳақиқати вуҷуди Ту мемирам. Оре, умри дигар меёбам ва беш аз ҳазор соле, ки дӯстат доштам, дӯстат медорам.
Хушбахтӣ замоне ба суроғам омад, ки Туро дӯст доштам.
Муҳаббат бар дили ғамдида, мегӯянд, зуд роҳ меёбад ва дигар ҳеҷ аз он немеравад. Ва ман ба ин гуфта бовар мекунаму ҳама ғамҳоятро дӯст медорам.
Дерест, эй духтари афсонаҳо, ки ман ба Ту дил додаам. Ва ин ҳақиқат аст, ҳақиқати як марди ошиқ. Мабодо афсонааш бупиндорӣ ва дар поёни он ба шодмонӣ табассумро ба лаб ошно бисозию ба хоб биравӣ.
Ҳазор сол аст модари пирам пушти тирезаи хонаам ба такяи асо рост истодаву ба ман менигарад. Агар ӯ ҳам интизори омадани Ту, эй духтари афсонаҳо, бошад, намедонам ман ба ин ишқ чӣ бигӯям ва чӣ сон бигирям.
Эй бахт, куҷо шуд он ҳама оинаҳое, ки дар даст доштӣ? Агар якеро, ба баҳонаи ин ки ҳамаро шикастаӣ, ба он ёри меҳрубони ман надиҳӣ, аз ҳама мардуми олам таманно мекунам, ки дарҳои хонаашонро ба рӯи Ту бубанданд ва ҳеҷат аз Худо нахоҳанд.
Эй гулфурӯш! Чаро рӯ ба ин дорои шаҳри мо овардаӣ? Ба Худо, ӯ арзонтарин гули туро харидорӣ мекунад ва ба он духтареро ба номи меҳру муҳаббат мефиребад, агарчи ба ишқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё