Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Замоне, ки фитна ба суроғам меояд, Ту, эй Ёр, аз пешам меравӣ. Оре, ончунон, ки гӯё пеш аз ин ҳеҷ маро намешинохтӣ. Ва ҳам номаҳоямро дар оби ҷӯе, ки гулмоҳӣ дорад, меандозӣ ва ишқро нафрин мехонӣ. Кӯдаке дар он лаҳза аз Ту маро мепурсад ва мебинад, ки аз тарс дар чашмонат ашк пайдо шудаасту дилат мезанад. Оҳ, агар бидонӣ он кӯдакро модаре ба номи фитна зодааст, гулеро, ки аз маҳбуби дигар гирифтай, ба раҳгузаре медиҳӣ. Аммо, ба Худо, ба ёдам оҳи сард мекашӣ ва паст, бас паст бо худ мегӯӣ: «Чаро дӯсташ доштам?»
Аз он рӯзҳо дигар ёд намеорам, ки бас зебоят медидам ва мегуфтам: «Дӯстат медорам». Ба чашмони камнури худ дар оина менигарам ва аз худ мепурсам: «Чӣ сон зебояш дидӣ ва дӯсташ доштӣ?» Оре, агар дил даруни сина битапад, бар ӯ шубҳа мекунам ва эълом медорам, ки он дили ман нест. Дастонам, медонам, намеларзанд ва пойҳоям аз рафтор намемонанд, зеро ин яке то ба кӯи Ёр нарафтааст, он дигаре мӯи ӯро шона назадааст. Танҳо гунҷишкаке аз сари шохаи себи сурхи расида он лаҳза мехоҳад як таронаи бас кӯтоҳи худро бихонад, аммо зуд дармеёбад, ки ношунавотар аз ман касе дар рӯи олам нест. Ба як оҳе нозукаш шоха мешиканад ва ӯ ноилоҷ ба парвоз меояду меравад.
Худовандро ба ягонагӣ мешиносам ва ҳамеша ситоишаш мекунам. Аммо як рӯз, ки абрҳо аз осмон майли гиристан мекунанд ва лабони гулҳои сурху зебои чаман намеханданд, ба пушаймонӣ аз ӯ мепурсам, ки чаро ба Ту маро ошиқ гардонид? Агарчи медонам дар ин ҳазорон ҳикмат аст ва мо онро ҳеҷ дарк намекунем, мехоҳам ҳотифи ғайбӣ пайғом биёрад, ки дар Ту дигарест ва онро ман пас аз садҳазор сол рӯ ба рӯ меоям.
Муҳаббатро ҳеҷ кас дар олам чун Ту хор накард. Аммо аҷаб ин ки ба ҳама хорӣ ситоишат мекунад ва ба мо – ҳақирон як нигоҳи пур аз меҳрро раво намебинад. Агар ҳам забон ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё