Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Менигарад. Ҳама саъйат барои дарёфти ҳақиқат зоеъ мегардад ва ба афсӯс аз мани ошиқи ранҷур ёд меорӣ. Оре ва ҳам замоне ба пушаймонӣ ба суроғам меоӣ, насими форам сабзаи рӯи гӯрамро ба алвонҷ меорад.

Дафтаракамро бипӯш. Оре, дафтараки пур аз таронаи маро бипӯш ва ҳамчунон бовар бикун, ки дар олам ҳеҷ кас ҳеҷ касро дӯст надоштааст ва ҳам тухми муҳаббатро ошиқе дар дил накоштааст. Агар ҳам мегӯянд, ки зиндагӣ барои хӯрдану хуфтан аст, бо меҳр гӯш ба суханонаш бияндоз ва оташи хонаатро бо ин дафтараки пур аз таронаи ман фурӯзон бидор.

Дар ин найистон, ки омадаам, мегӯям: «Ман Туро дӯст медорам». Замоне агар ҳама найҳоро ҳам бишикофанд ва бар онҳо бидаманд, аз ҳар кадом овоз бармехезад, ки «Ман Туро дӯст медорам». Оҳ, метарсам он замон худро кӯре менамоӣ ва каре, ки ҳеҷ садоро намешунавад.

Медонам, дигар Туро аз даст додаам. Пас аз замоне ҳам агар биёӣ ва ин ҳақиқатро инкор бикунӣ, ба Худо, ба гулҳои хушкида об медиҳам ва бовар мекунам онҳо боз ҳамчунон ҳазор соли пеш механданд ва зиндагиро ба чашмҳо зебо менамоянд.

Имрӯз як рӯзи пур аз меҳр буд, пур аз саодат буд ва пур аз вафодорӣ. Бо куртаи чун гули садбарги сурх, ки бас дӯсташ медорӣ, омадӣ ва ширин лабханд задӣ. Дидам, ки офтоб зеботар рух менамуду гармӣ мебахшид. Дарахтон бо ҳазор ранг зиндагиро ситоиш мекарданд. Сабзаҳо аз зебоӣ мегуфтанд. Обҳои равони ҷӯйҳо шукри муҳаббатро дар дил доштанд ва асрори онҳоро ба сангҳои бас сахт баён медоштанд. Оре ва Ту бе ин ки аз касе, аз чизе ин бор битарсӣ, гуфтӣ: «Дӯстат медорам». Ба Худо, чашмонат ба ҳақиқати ин сухан гувоҳӣ медод ва дилат аз шодмонӣ мерақсид.

пешина
аз 210
навбатӣ