Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Бихандаду ба фиреб ҳам бигӯяд, ки дӯстат медорам ва мехоҳам таронаи зебоятро бишунавам, ба сухан савганд мехӯрам, ки то қиёмат бароиш тарона мегӯям. Оре ва аз қалами шикаста узр мехоҳам, ба зиёрати хокистари дафтарам меравам ва оинаро ба дастрӯмоли ёрам пок месозам.

Аз бемеҳрии ту дигар намегӯям. Агар ҳам ба хок баробарам мекунӣ, чун хок хомӯширо пеша мегирам. Ҳарчанд медонам аз он баъд гулҳои меҳр аз вуҷудам мешукуфанд ва ту масти ин зебоӣ маро аз ёд мебарӣ. Оре, аз як дилдодаи дигари худ ёд меорӣ, ки дар хок хуфтааст ва наметавонӣ чун ҳазор соли пеш бароиш гул бичинӣ ва тақдимаш бикунӣ.

Эй духтараки зебое, ки меҳр туро ҳазор сол пеш ба хиёнати ишқ тарк гуфтааст, чаро имрӯз мегирӣ? Дилат бад-он хонае сӯхт, ки панҷ гул дошту гулдон? Ва дар ин хона бароит зеботар аз он гулҳоро, беҳтар аз он гулдонро намеёбанд? Агар ҳамчунон мегирӣ ва дилат хун мешавад, бидон, ки он ёри вафодори ман меояд ва бе ин ки бипурсад барои чӣ мегирӣ, мегӯяд: «Одам як рӯз ин дунёро тарк мегӯяд ва ба дунёи дигар меравад, дар ҳоле намедонад ӯро он боғи ризвон интизор аст ё оташи сӯзон».

Аз афсонаҳои ширини муҳаббат дигар барои ту намегӯям. Мебинам, ки ҳеҷ гӯши шунидан надорӣ ва ҳам чашми диданатро гирифтаанд. Агар мегӯӣ, ки дил дорам, ҳама гулҳои ин боғи ҳастӣ гувоҳӣ медиҳанд Худо ин бузургтарин неъматро бар ту надода. Аммо ин афсонаҳоро ман бар касе дигар ҳам намегӯям. Охир, туро дӯст доштам, танҳо туро дӯст доштам.

Мегӯӣ: «Аз Худо хостам, то ки фарзандони зебо ва доно насибам бикунад».

Мегӯям: «Ман аз Худо чун худ фарзандони ошиқро хостам ва онро насибам гардонидааст».

пешина
аз 210
навбатӣ