Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боре чунин аст, ба ман бояд бахт рашк барад ва низ ҳама олам.

Имрӯз, эй Ёр, аз вафо гуфтӣ. Ва ман ҳама ҳазорсола ҷафои Туро аз ёд бурдам.

Вуҷудам имрӯз ҳама аз Ишқ мегӯяд, ба ҷуз дил. Оре, ҳазор сол пеш, ки ба сӯи Ту рафт ва дигар ҳеҷ барнагашт.

Ҷаҳон ба рӯи ман механдад. Оре, бо бахт. Ва ман дар ин ҳол аз ин ду роҳзан метарсам. Оҳ, агар ба кӯи Ту дар ин як шабе, ки моҳ дораду пурситора аст, нарасам.

Дигар ба гулҳои чаман наменигарам. Оре, гули рӯи Туро, ки дидаам.

Бад-ин ҷӯй менигарам ва шод мешавам. Мебинам, охир, ки ба сӯи Ту меравад.

Ба Худо, меҳри Ту маро насӯхт, аммо чун офтоб вуҷудамро афрӯхт. Оре, имрӯз ман бад-ин лутфи Ту шодам. Аммо медонам, ки фардо аз он шод мегардам, ки маро месӯзӣ.

Ба Худо, ҳама олам рози муҳаббати Туро медонад. Намедонам, аммо аз чӣ мегӯӣ: Ин розро ошкор масоз.

Номи Туро ҳама ошиқони олам бар забон меоранд, аммо ман бар дил.

Бо ошиқон ҳазор сол нишастам, аммо сухан аз меҳри Ту нагуфтам. Ва меҳри оламтоб низ дар ин ҳазор сол рух менамуд ва ҳамчунон хомӯш мерафт.

пешина
аз 210
навбатӣ